Дар Тошканд намояндагии тадбиркорони Олмон ба кор шурӯъ мекунад

Дар Тошканд намояндагии тадбиркорони Олмон ба кор шурӯъ мекунад

Илҳом Неъматов, нахустмуъовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзи 11 феврал дар Тошканд бо Ховсеп Восканян, раиси намояндагии иқтисоди Олмон дар Осиёи Марказӣ дидор кард.
Дар ин мулоқот масъалаҳои иқтисодиву тиҷорӣ, ҳамкориҳои сармоягузорӣ, ба хусус, таъсиси намояндагии тадбиркорони олмонӣ дар Тошканд ва роҳандозии ташрифи онҳо ба Ӯзбекистон баррасӣ шуд.
Гуфта мешавад, ки муъомилоти тиҷории Ӯзбекистон ва Олмон дар соли гузашта баробар бо 980 миллион доллар буд, ки ин шумор дар муқоиса бо соли 2018 26 дарсад афзоишро нишон медиҳад.
Ҳоло дар Ӯзбекистон тақрибан 40 ширкату бонкҳои олмонӣ намояндагии худро боз кардаанд, беш аз 200 корхонаи муштараки ду кишвар дар Ӯзбекистон фаъолият доранд, ки 61-тои онҳо комилан бо сармоягузории Олмон таъсис ёфтааст.
Ҳамчунин, тадбиркорони Олмонӣ рӯзҳои 5-6 март дар форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд ширкат хоҳанд кард.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ