Акнун самарқандиҳо метавонанд аз шаҳри худ мустақим ба Санкт Петербург бо автобус раванд

Акнун самарқандиҳо метавонанд аз шаҳри худ мустақим ба Санкт Петербург бо автобус раванд

Ба ҳадафи беҳтар кардани шароит ба онҳое, ки ба Русия рафту омад мекунанд, дар миёни Самарқанд ва Санкт Петербург ҳаракати муназзами автобусҳо роҳандозӣ мегардад.
Автобуси нахустин дар ин роҳ рӯзи 25 феврал аз Самарқанд ба сӯи Русия раҳсипор мешавад. Автобусҳо аз тариқи Тошканд ба Петербург мераванд.
Ширкатҳои Uzautotrans service (Ӯзбекистон) ва «ТТК ГЛОБУС» (Русия) дар ин ҷодда ба мусофирон хидматрасонӣ мекунанд.
Автобус дар соати 09.00 аз автовокзали Самарқанд ба Тошканд ҳаракат мекунад ва дар соати 15.00 аз автовокзали Тошканд равонаи Санкт Петербург мегардад.
Фосилаи роҳ аз Самарқанд то Петербург 4436 километр аст. Нархи хидматрасонӣ аз Самарқанд 840 ҳазор сӯм ва аз Тошканд 800 ҳазор сӯм мебошад.
Ҳамчунин, аз 15 феврали соли ҷорӣ дар миёни шаҳрҳои Тошканд ва Омски Русия низ автобусҳо ба мусофирон хидматрасонӣ мекунанд. Роҳкиро 450 ҳазор аст.
Дар ҳоли ҳозир аз Тошканд ба шаҳрҳои Нижний Новгород, Қазон ва Маскав низ автобусҳо мусофиронро ҳамлу нақл мпекунанд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ