Чаро ба афзоиши нархи гӯшт таваҷҷӯҳ мекунем, вале ба нархи доруҳо не?

Чаро ба афзоиши нархи гӯшт таваҷҷӯҳ мекунем, вале ба нархи доруҳо не?

  • Post category:Асосӣ

Нурдинҷон Исмоилов, раиси Маҷлиси Қонунгузории порлумони кишварамон афзоиши беасоси нархи доруҳоро интиқод кард ва ба намояндагон гуфт, ки ин масъаларо бояд пайгирӣ ва ҳал кунанд.
Рӯзи гузашта дар ҷаласаи Маҷлиси Қонунгузорӣ баррасии якчанд лоиҳаи қонун баргузор шуд.
Исмоилов дар ҷаласа дар бораи муаммоҳои вобаста ба беморхонаҳо ва доруҳо, аз ҷумла “ ҳамкорӣ”-и шифокорон бо дорухонаҳо суханронӣ кард.

Раиси Маҷлиси Қонунгузорӣ гуфт, “Дар поёни соли гузашта дар ҷаласаи додситонии (прокуратура) кулл дар бораи коррупсия гуфта шуда буд, ки заминаи тандурустӣ аз назари фасод дар паллаи аввал аст. Ин нишон медиҳад, ки дар заминаи тандурустӣ кори фаровонро бояд амалӣ кард”.
Ба гуфтаи ӯ, афзоиши пайвастаи нархи доруҳо низ аз муаммоҳои асосӣ аст.
Исмоилов бо хитоб ба намояндагони соҳаи тиб афзуд, “Нархи доруҳо ҳамарӯза афзоиш меёбад. Дар ҳайратам, ки кадом нафаре ин соҳаро назорат мекунад. Вақте, ки нархи гӯшт боло рафт, тамоми ҳукумат ва раҳбарҳо ба бозор мераванд ва вазъиятро меомӯзанд. Вале, нархи дору пайваста дар ҳоли афзоиш асту касе таваҷҷӯҳ намекунад. Мардум аз ин ҳолат хеле норозӣ ҳастанд. Чаро барои назорати ин аз ҷомеъа кӯмак намепурсед?”.
Ӯ таъкид кард, ки намояндагони порлумон барои омӯхтани ин вазъият низ равонаи шаҳру ноҳияҳо хоҳанд шуд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ