«Белавиа» парвозҳои муназзамро дар миёни Тошканд ва Минск роҳандозӣ мекунад

«Белавиа» парвозҳои муназзамро дар миёни Тошканд ва Минск роҳандозӣ мекунад

  • Post category:Ҷаҳон

Соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоии белорусии «Белавиа» хоҳони роҳандозии парвозҳои муназзам дар миёни Минск ва Тошканд аст. Дар ин бора Артём Сикорский, мудири идораи ҳавопаймоии вазорати ҳамлу нақл ва иртибототи Белорус эълон кард.
Ба гуфтаи Сикорский, ширкати ҳавопаймоии “Белавиа” имсол ба шаҳрҳои Вена, Тошканд ва Реус (Испания) парвозҳои муназзамро ба роҳ меандозад. Ширкат бо ин ҳадаф хариди 2 ҳавопаймои Боинг ва 2 ҳавопаймои Embraer-ро барномарезӣ кардааст.
Ширкати ҳавопаймоии Белавиа соли 1996 таъсис ёфтааст. “Белавиа” бузургтарин ширкати ҳавопаймоии Белорус ба шумор меравад. Ҳавопаймоҳои ширкат аз фурӯдгоҳи миллии Минск ба 29 кишвари Аврупо ва Осиё парвоз мекунанд.
Манбаъ: УзТАГ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ