Дар меҳмонии шоир

Дар меҳмонии шоир

Имрӯз кормандони эҷодии рӯзномаи “Овози Самарқанд” бо сарварии сармуҳаррир Баҳодур Раҳмонов ва шоиру равшанфикрони Самарқанд Нормурод Каримзода, Зоҳир Ҳасанзода, Акбар Маҳмудов, Ҷамшед Маъруфӣ ба хонадони шоири зуллисонайн, тарҷумон Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ рафтанд.
Сӯҳбати эҷодкорон дар атрофи ақлу хирад, муҳити адабии Самарқанд, нерӯи шеъру қалам, бузургии сухан, меҳру муҳаббат ба Ватан, забони модарӣ ва ғайра сурат гирифт.
Бояд гуфт, ки Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ муаллифи асарҳои зиёде мисли маҷмӯаи шеъри “ Шир, Шеър, Шер”, “Фарҳанги вожаҳо ва ифодаҳои мардуми дар осори Мавлавӣ”, “Сипеҳри Орзу”, “Уммони беобмонда” ва дигар асарҳо мебошад.
Б.Раҳмонов ба шоир барои сӯҳбати хуш аз номи аҳли қалам изҳори миннатдорӣ намуда, ба вай саломатии мустаҳкам ва комёбиҳои эҷодӣ таманно кард ва аз китобхонаи “Овози Самарқанд” китобҳо тӯҳфа намуд.
Инчунин, варақаи обунаи ройгон ба 5 нашрияи ҷумҳуриявию вилоятӣ супурд.
Ҳаёт Неъмат меҳмононро хуш пазируфта, ба онҳо чанд китоб тӯҳфа кард.
Ҷамшеди АСРОР

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ