Саволҳо дар бораи кӯчондани таҳсил аз хориҷа посухҳои худро ёфтанд

Саволҳо дар бораи кӯчондани таҳсил аз хориҷа посухҳои худро ёфтанд

  • Post category:Маориф

Чанде пеш дар бораи муддати кӯчондани таҳсил аз кишварҳои ҳамсоя ба Ӯзбекистон хабар дода будем.
Бино ба иттилоъи вазорати таълими олии кишвар, дар ин бора ба вазорат таи чанд рӯз ҳазорон саволу муроҷиъат шудааст.
Бештарини саволҳо чунин мебошанд:
Ариза ва дигар ҳуҷҷатҳои кӯчондани таҳсилро худи донишҷӯ тақдим мекунад, ё наздикони донишҷӯ ин имконро доранд?
Худи донишҷӯ ариза дар бораи кӯчондани таҳсил ба донишгоҳҳои кишварро менависад ва ҳуҷҷатҳоро низ худи ӯ месупорад.
Ба гурӯҳҳои кории ҳудудӣ кадом ҳуҷҷатҳо супурда мешавад?
Шаҳрвандон ба гурӯҳҳои кори ҳудудӣ ин ҳуҷҷатҳоро тақдим мекунанд:
• ариза (дар ҷойи қабул);
• нусхаи дафтарчаи рейтинг, ё маълумотномаи академикӣ (транскрипт);
• нусхаи шиноснома.
Оё барои кӯчондани таҳсил аз донишгоҳи ғайридавлатӣ низ иҷоза ҳаст?
Бале, ҳаст. Аммо донишгоҳи ғайридавлатӣ дар кишвари худ ҳамчун муассисаи таълими олӣ бояд сабтином шуда бошад.
Оё донишҷӯёни таҳсили ғоибона ва шабона низ метавонанд ариза супоранд?
Донишҷӯёне, ки дар кишварҳои ҳамсоя таҳсил мегиранд, новобаста аз шакли таълим метавонанд барои кӯчондани таҳсил ба Ӯзбекистон ариза супоранд.
Донишҷӯёни ӯзбекистонии кадом кишварҳо ҳуқуқи кӯчондани таҳсил ба кишварро доранд?
Бар асоси баёнияи рақами 12-и 4 феврали соли 2020-уми Комиссияи давлатии қабул ба муассисаҳои таҳсилотии ҷумҳурии Ӯзбекистон, он шаҳрвандони кишвар, ки дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон таҳсил мегиранд, ҳуқуқи кӯчондани таҳсилро доранд.
Шаҳрвандоне, ки дар дигар кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла кишварҳои ИДМ таҳсил мегиранд, бар асоси тартиби мавҷуда метавонанд аз 15 июл то 5 август ба гурӯҳҳои кории ҳудудӣ барои кӯчондани таҳсил ариза супоранд.
Оё имкони кӯчондани таҳсил ба таълими будҷаӣ ҳаст?
Ба донишҷӯёне, ки дар кишварҳои ҳамсоя бо шартнома (контракт), ё будҷаӣ таҳсил мегиранд, иҷоза дода мешавад, ки таҳсилашонро бар асоси шартнома ба Ӯзбекистон кӯчонанд. Касоне, ки таҳсили будҷаӣ мехоҳанд, бояд дар озмуни махсус дар тобистон ширкат кунанд.
Донишҷӯёни кадом солҳо метавонанд таҳсилашонро кӯчонанд?
Донишҷӯёне, ки дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон таҳсил мегиранд, новобаста аз соли таҳсил метавонанд аз ин имкон истифода баранд.
Кӯчондани таҳсил барои донишҷӯёни кадом риштаҳо мумкин аст, оё донишҷӯёни риштаҳои ҳуқуқшиносӣ, тиб ва иқтисод низ метавонанд таҳсили худро кӯчонанд?
Дар ин замина маҳдудияте ҷорӣ нест. Донишҷӯёни ҳамаи риштаҳо имкони кӯчондани таҳсилро доранд.
Донишҷӯёне, ки қарздорӣ академикӣ ҳастанд, метавонанд таҳсилашонро кӯчонанд?
Метавонанд. Танҳо дар ин сурат бар асоси тартиби мавҷуд донишҷӯ ҳамчун қарздори академикӣ таҳсилашро мекӯчонад.
Донишҷӯ дар муддати семестри ҷории донишгоҳе, ки таҳсилашро ба он кӯчонд, қарздории академии худро бартараф мекунад.
Шаҳрвандон ба ҳар гуна саволе, ки дар ин бора доранд метавонанд бо тамос ба шумораҳои зерин посух ёбанд:
👉 Шумораи вазорати таълими олӣ ва махсуси миёна – (71) 246-38-57;
👉 Вазорати ҳифзи тандурустӣ – (71) 241-16-91.
Дар хотир дошта бошед! Дар сурате, ки ҳуҷҷатҳои супурдаи шумо комилу дуруст аст, гурӯҳҳои кории ҳудудӣ албатта онҳоро қабул мекунанд.
Кӯчондани таҳсил бе ягон имтиҳон сурат мегирад!
Фирефтаи “ёридиҳандагон” нашавед!

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ