Оё шумо тарзи тайёр намудан ва дар кадом вақт истеъмол кардани сумалакро медонед?

Оё шумо тарзи тайёр намудан ва дар кадом вақт истеъмол кардани сумалакро медонед?

  • Post category:Саломатӣ

Сумалак як навъи таоми “шоҳона”-и наврӯзӣ ба ҳисоб рафта, тайёр кардани он бисёр маҳорати баландро талаб мекунад. Барои тайёр намудани он чиҳо лозим аст?

Як миқдор гандумро дар лаганд гирифта, обгардон карда, дар таги борон мемонанд, агар борон набошад ба болояш дар як шабонарӯз 4-5 маротиба об мепошанд. Вай дар муддати 3-4 рӯз неш зада мебарояд. Баъд аз он, ки қади сабзаҳо ба 5-6 см расид онро аз асбоби гӯштмайдакунӣ мегузаронанд. Албатта барои тайёр намудани он гандуми ҷойдорӣ ё сафед лозим мебояд. Вақте, ки аз асбоби гӯштмайдакунӣ гузаронидем аз он шарбати ширмонанди гандум ҳосил мешавад ва шарбати онро аз дока гузаронида баъди тафсидани равған меандозанд. Вай тахминан 10-12 соат ҷӯшида, ғафс мешавад, ба он оби ҷӯш низ ҳамроҳ мекунанд. Барои начаспидани таги дег ба дег чормағз ё сангча меандозанд, ки ин роли ҳаракати конвексиониро мебозад.

 Тарзи тайёр кардани сумалак асосан аз тарафи занҳо ба амал меояд. Онҳо дар атрофи дег давр зада сурудхонӣ, шеърхонӣ ва ҳазлу шӯхиҳо мекунанд, ниятҳои неки худро баён мекунанд:

 Сумалак дар дег мо кафча занем

Дигарон дар хоб мо дафча занем

 Агар пухтани сумалакро соати 12-и нисфирӯзӣ сар кунанд, то соати 12-и шабонарӯзӣ давом мекунад. Дегро бо навбат кофта то пухтани сумалак интизорӣ мекашанд ва баъди пухтан то пагоҳирӯзӣ сарпӯши дегро пӯшонида мемонанд ва пагоҳии барвақт сумалакро кашида ба аҳли оила, ҳамсояҳо, хешу таборон пешкаш мекунанд.

Сумалак набалки таом балки чун доруи дармон истеъмол мекунанд. Чунки дар таркиби вай миллионҳо ғизои ҳуҷайраҳои инсон ҷойгир аст. Дар таркиби вай витаминҳои С ва Е, ки барои инсон аз ҳама зарур аст мавҷуд буда, хӯрданаш барои инсони бемор ва сиҳат фоидаовар аст. Аз ҷумла, барои бемориҳои асаб, меъда, рӯда, камхобӣ, камхунӣ давои хубест. Ин таоми шифобахшро танҳо худашро хӯрдан ҷоиз аст. Агар илоҷаш бошад ду рӯз фақат сумалак хӯранд, мувофиқи мақсад мешуд. Баъзеҳо надониста баъди хӯрдани сумалак хӯрокҳои равғандор, сергӯшт, моҳӣ, ҳатто нӯшокиҳои спиртиро низ истеъмол менамоянд, ки ин хел рафтор асло дуруст нест. Агар ба ин қоида риоя накунанд ба бемориҳои вазнин оварда расониданаш мумкин.

Ғайр аз ин дар бисёр ҷойҳо сайли сумалак гузаронида мешавад, ки вай аз ду намуд иборат аст. 1. Тайёркунии сумалак. 2. Сумалакхӯрӣ.

Н. Бобоахмедов

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ