Нахустин қурбонии коронавирус дар Япония

Нахустин қурбонии коронавирус дар Япония

  • Post category:Ҷаҳон

Дар Япония як зани 80-сола, ки аз коронавирус бемор шуда буд, даргузашт. Ин нахустин қурбонии коронавирус дар Япония ва савум берун аз Чин буд. Қаблан дар Ҳонгконг ва Филиппин низ коронавирус боиси марги одамон шуда буд.
Мақомоти Япония низ эътироф кардаанд, ки айнан коронавирус иллати марги зани пиронсол будааст.
Бино ба хабари нашрияи Kyodo, ин зан рӯзи 1 феврал бо ташхиси бемории зотилҷам ба бемористон омадааст. Шифокорон баъди марги пиразан фаҳмиданд, ки дар организми ӯ коронавирус буд.
Вазорати тандурустии Япония чи гуна ба пиразан сироят кардани вирусро тавзеҳ надодаанд. Вале гуфта мешавад, ки пиразан вақтҳои охир ба хориҷа сафар накардааст.
Ҳамчунин дар префектураи (вилоят) Вакаяма коронавирус ба як ходими 50-солаи тиб сироят кардааст. Аммо дар бораи нигоҳубинии ӯ ба беморони чинӣ маълумоте нест.
Дар ҳоли ҳозир Япония аз лиҳози шумори мубталоёни коронавирус баъди Чин дувумин кишвар аст. Аксарияти беморон – 175 нафар мусофирони киштии сайёҳии Diamond Princess аст, ки он дар наздикии Йокогама дар ҳоли карантин нигоҳ дошта мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ