“Чун ту ба аспи гардун хуршед гар нишинад…”

“Чун ту ба аспи гардун хуршед гар нишинад…”
  • Post category:Фарҳанг

Заҳириддин Муҳаммад Бобур дар баробари асари маълуму машҳури худ – «Бобурнома» ғазалу маснавӣ ва рубоиву фардҳои ноб низ дорад, ки ба ганҷинаи маънавии адабиёти классикиамон афзудаанд.
Лирикаи Бобур аз ҷониби олимонамон Ҳ. Ёқубов, А. Қаюмов, Б. Валихоҷаев, С. Ҳасанов ва дигарон мавриди тадқиқу таҳқиқ қарор гирифтааст.
Дӯст доштани зиндагӣ ва бо чашми дил ба он нигаристан дар ғазалҳои Бобур ҷойгоҳи худро дорад. Дар давраи Навоию Бобур на ҳамаро ин шараф насиб гардидааст. Тасвири образи ёри реалӣ, манзараҳои завқбахши ҳаёт, шомҳои интизории қаҳрамони лирикӣ аз нигоҳи Бобур завқбахш аст. Зеро ин ҳамаро ӯ бо нигоҳи шоирона қаламдод кардааст.
Бигирем, тасвири шоиронаи матлаи як ғазали ӯро. Дар он санъати ташбеҳ басе шоирона мавриди корбурд қарор гирифтааст. Як пеши назар оваред: маъшуқа латофату назокати худро намоиш дода, ба асп савор мешавад. Дар адабиёти классикӣ ба хуршед ташбеҳ додани ёр нав нест. Вале Бобур маъшуқаро аз офтоб боло мегузорад. Ёри шоир ба асп шитобкорона савор намешавад, балки мисли хуршеде, ки ба оҳистагӣ ва латофат баромада ба олам нур мепошад, бо назокат болои асп менишинад:
Чун ту ба аспи гардун хуршед гар нишинад,
Ӯ бар туву самандаш монад ба тавсани ту?
Дар лирикаи Бобур образи ёри савори асп зуд-зуд вомехӯрад. Дар замони шоир аспи саманд ҳамчун воситаи асосии нақлиёти роҳ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва ҷанг ба ҳисоб мерафт. Бобур чавандози моҳир буда, аспҳои зотдор ва чаққонро ба хубӣ мешинохт. Шояд таъсири ҳамин буд, ки дар лирикаи шоир маҳбубаи савори асп бисёр бо маҳорат тасвир ёфтааст. Мо яке аз чунин тасвирҳои олиро дар ҳолати маъшуқаи чавгонбоз мебинем.
Аввало ба мазмуни ғазал таваҷҷӯҳ фармоед. Дар байни намунаҳои адабиёти классикӣ бо бисёр ғазалҳои сужетдор вомехӯрем. Бобур дар ғазали зерин бозии чавгонро, ки дар қадим анъана буд, тасвир кардааст. Боиси таваҷҷӯҳ он аст, ки чавгонбоз маҳбубааш мебошад. Шоир ҳар як ҳаракати ӯро чунон моҳирона, бадеӣ тасвир кардааст, ки кас худро дар он майдони мусобиқа ҳис мекунад. Ҳар як ҳаракати маҳбубаи аспсавор, назокат ва латофати ӯ аз нигоҳи Бобур дур намондааст. Ҳамаро ӯ чунон ба худ маҳлиё кардааст, ки қаҳрамони лирикӣ дар қатори ҳазорон нафар мафтуни санъат ва ҷамоли ӯ гардидааст:
Дар назди ӯ гӯяш бубин, дар даст чавгонаш бубин,
Дар чеҳрааш мӯяш бубин, чоҳи занахдонаш бубин.
Вақте давонад асп ӯ бар тавсанаш бинмо назар,
Бо ишва гар монад қадам, сарви хиромонаш бубин.
Дар лирикаи Бобур муҳаббат ба ҳаёт, принсипи васф намудани он волоият дорад. Ӯ ҳамчун мусалмони комил ба қоидаҳои шариат ва ислом содиқ буда, ба баъзе тартиботи он кӯр-кӯрона амал накардааст, ҳар як фикрро дар тарозуи ақл баркашида, аз рӯйи зарурати ҳаётӣ хулоса баровардааст.
Дар «Бобурнома» кирдори шахсоне, ки динро ниқоб карда, халқро фиреб медиҳанд ва аз паси он боигарӣ ҷамъ мекунанд, фош карда шудааст. Ӯ то ҳадди имкон аз ҳаёт лаззат бурда зиндагӣ карданро талқин намудааст. Шоир ба чунин ақида содиқ монда, ҳангоми тасвири образи маҳбуба инсондӯстӣ ва ишқи ёри реалиро васф менамояд, миёни аз мӯ нозуки ӯро ба риштаи тасвир мекашад. Барои шоир дамҳои бо дӯстдоштааш будан беҳтарин лаҳзаҳост:
Муяссар гар шавад медон зи бори олам афзун аст,
Кабобаш ҳам, майи нобаш ва маҳтобу маҳи рӯяш.
Эҳсосу андешаҳояш Бобурро ба назари мо чун инсони худоҷӯй ва дӯстдорандаи ҳаёт намоён месозад. Барои қаҳрамони лирикии ӯ фасли фараҳбахши табиат – тобистон ба олам, ба замини табаррук, ки мо – инсонҳо дар он ҳаёт ба сар мебарем, биҳиштро фароҳам овардааст. Назар ба ақидаи шоир дар замини биҳиштосо то охири умр бо фароғат зиндагӣ кардан лозим аст. Аз нигоҳи шоир, садои сеҳрноки дутор, бодаи дасти дилбар ба замини биҳиштосо оҳанги нав мебахшад. Дар ғазал қаҳрамони лирикӣ аз инъоми табиат бағоят сархуш буда, барои ӯ қомати ёр ба қибла ва саҷдагоҳ табдил меёбад:
Иқомат чун бикардӣ, Бобуро, андар сари кӯяш,
Бишуд аз равзаву ризвони ӯ боло мақоми ту.
Муҳимаш ин ки чунин нигоҳҳои Бобур тамоми ашъорашро фаро гирифтаанд.

Дар ғазал «шоҳбайт» аз дигар байтҳо бо мазмуни пухта ва бадеияташ ҷудо шуда меистад. Аммо дар адабиёти классикӣ ва ҳозира ҳам ғазалҳое вомехӯранд, ки ҳар як байти онҳо аз ҷиҳати бадеӣ пухта буда, аз шоҳбайт кам нестанд. Офаридани чунин ғазалҳо аз шоир маҳорати баландро талаб мекунад.
Як ғазали Бобурро, ки бо мисраи «Имшаб….» оғоз меёбад, ба қатори чунин асарҳои назмӣ дохил кардан мумкин аст. Ин ғазал дорои сужети аҷиб аст. Маҳбуба ба назди қаҳрамони лирикӣ шабона, пинҳон меояд. Одатан дар адабиёти классикӣ дар маркази ғазал образи маҳбуба меистад, ӯ ҳамеша ошиқи худро ба изтироб мононда, ба рақиби бераҳм рӯйихуш медиҳад, ошиқ – қаҳрамони лирикиро дар оташи ҳиҷрон месӯзад.
Дар ғазали Бобур бошад, ёр барои ба висол расидан бо як ҷасорат ба ҳузури ӯ меояд. Фурсати маҳбубаи ба тарсу ҳарос омада ниҳоят танг аст. Қаҳрамони лирикӣ ҳам лаҳзаҳои висолро бо як ҳиссу ҳаяҷон интизорӣ мекашад.
Дар ғазал санъатҳои бадеӣ: муболиға ва ташбеҳ бо маҳорати баланд ба кор бурда шудаанд.
Имшаб омад бар дарам он офтобам ноаён,
Қарнҳо дар шаб надида офтобе чашми ҷон.
То хаёли оразаш аз ман рабуд оромро,
Дил бишуд як пора оташ, ҳезуми хушк устухон.
Вақте доир ба лирикаи Бобур, мисраъҳои ҷозибадор ва ҳаётии ӯ сухан меравад, ба мазмуни ғазали ӯ «Фасли тобистон, васли ёр…» истода гузаштан бамаврид аст. Дар ашъори ӯ ҳаёти мураккаб ва серташвиши Бобур бо ибораҳои «баҳси шеър», «дарди ишқ», «кайфияти бода», ки тамоми умр бо ӯ ҳамроҳ будаанд, таҷассум ёфтаанд.
Чи тавре ки дар «Бобурнома» зикр ёфтааст, Бобур дар лаҳзаҳои охири умр аз боданӯшӣ тамоман даст кашида, барои дигарон намуна шудааст. Ҳатто ҷом, кӯза ва дигар зарфҳои майнӯширо зада шикастааст. Аммо барои шоир баҳси шеър, дарди шеър, ишқи шеър, садоқати ӯ ба маъшуқа абадист:
Мавсими гул, васли ёру дӯстони нуктадон,
Баҳси шеъру дарди ишқу бодаи ҳамчун ақиқ.
Доир ба лирикаи Бобур, ки дар он мавзӯъҳои пазмонии Ватан, дунёи ботинии маъшуқа, фалсафаи ҳаёт, май, адолат, рашк, ағёр ифода ёфтаанд, фикру баҳсҳои илмӣ ба миён омадаанд. Дар ашъори шоир муҳаббат ба ҳаёт, баҳрабардорӣ аз хушиҳои он, васфи зебоиҳои ҳаёт бартарӣ дорад.
Мо танҳо баъзе паҳлӯҳои лирикаи ӯро ба қалам гирифтем.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ