Ӯзбекистон аз Русия 4-то чархболи ҳамлакунандаи Ми-35М харид кард

Ӯзбекистон аз Русия 4-то чархболи ҳамлакунандаи Ми-35М харид кард

  • Post category:Ҷаҳон

Вазорати мудофиъаи Ӯзбекистон аз Русия 4-то чархболи ҳамлакунандаи Ми-35М дарёфт кард. Ин навъи чархболҳо барои аз байн бурдани мошинҳои зиреҳпӯш ва кӯмак ба нерӯҳои заминӣ бо ҳамла ба душманон истифода мешаванд.

Ин хабар дар канали телеграмии “Новости Ташкентского Неба” мунташир шуд. Чархболҳо ҳоло дар таваққуфгоҳи фурӯдгоҳи байналмилалии Тошканд нигоҳ истодаанд.
Қаблан нашрияи “Новая газета” хабар дода буд, ки Русия дар чорумин семоҳаи соли 2019 Ӯзбекистонро бо 4-то ва соли 2020 боз бо 8-тои дигар чархболҳои Ми-35М таъмин мекунад.
Чархболи Ми-35М дорои силоҳи замонӣ аст ва ба ҳадаф бо дақиқӣ оташ мекушояд. Ми-35М дар шароитҳои гуногуни обу ҳаво вазифаҳои ҷангиро анҷом медиҳад. Илова бар ин, аз чархбол мешавад барои ҳамлу нақли сарбозон ва афзорҳои ҷангӣ истифода кард.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ