Дар Ӯзбекистон ҳолат аз рӯйи коронавирус маълум карда шуд

Дар Ӯзбекистон ҳолат аз рӯйи коронавирус маълум карда шуд

  • Post category:Ҷаҳон

Бино ба маълумоти расмии Агентии осоиштагии санитариву эпидемиологии назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар Ҷумҳурияти Халқии Хитой 59833 нафар, дар дунё 60276 нафар шаҳрванд бо инфексияи коронавирус бемор шуданд. Сабзиши рӯзона 34 дарсад (15103 нафар) — ро ташкил мекунад. Аз бемории мазкур 1368 нафар шаҳрванд вафот кард. Беморӣ ба ғайр аз Хитой дар 25 давлати дунё, дар 443 нафар шаҳрванд қайд гардид. Дар лабораторияи агентӣ аз моҳи январ сар карда то 13-уми феврали соли ҷорӣ 837 намуна ба инфексияи коронавирус санҷида шуд. Дар намунаҳои мазкур инфексияи коронавирус ёфт нашуд. Рӯзи 12-уми феврал аз давлатҳои хориҷа ба аэропорти байналхалқии «Тошканд» ба номи И.Каримов 29 адад ҳавопаймо қабул гардида, 3782 нафар шаҳрванд, аз 6 пункти санитариву эпидемиологии марказии Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари», дар 3 поезд 585 нафар шаҳрванд, бо воситаи пунктҳои санитариву эпидемиологии пунктҳои буриши сарҳади давлатӣ 31583 нафар шаҳрванд аз термометрия гузаронида шуд. Штаби марказии мубориза зидди коронавируси Агентии осоиштагии санитариву эпидемиологии назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон маълум мекунад, ки ба ҳолати 13-уми феврал дар Ӯзбекистон бемории коронавирус қайд нагардид. манбаъ: zarnews/uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ