Сохтори маҳалла ислоҳ мешавад оё ҳама ба он тайёр аст?

Сохтори маҳалла ислоҳ мешавад оё ҳама ба он тайёр аст?

Мунтазир будем, ки дар сохтори маҳалла, ки соҳаи муҳимтарин ва такягоҳии ҷамъият аст, дигаргуниҳои куллӣ рӯй медиҳанд. Чунки Президент дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис дар ин хусус ҳарф зада, зарурияти тағйир додани сохтори маҳалла, ҷорӣ кардани тамоили «Маҳаллаи обод ва бехатар»-ро таъкид карда буд.
Дар ҷамъомади видеоселекторие, ки 12-уми феврали соли равон таҳти сарварии Раисҷумҳур гузашт, масъалаҳои такмили сохтори маҳалла, пойдории тинҷиву осоиштагӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ дар он муҳокима гардид.
Раисҷумҳурамон пурра розӣ набудани ҳам халқ ва ҳам давлатро аз сохтори маҳалла, дар ин соҳа бисёр будани норасоӣ ва масъалаҳои пурдолузарбро таъкид ва ёдрас кард, ки аз ин рӯ дар баҳодиҳӣ ба фаъолияти роҳбарон дар як қатор бо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ чӣ хел ба роҳ мондани корҳои маънавӣ-маърифатӣ дар маҳаллаҳо ба инобат гирифта мешаванд. Вай гуфт, ки барои кам кардани ҳолатҳои ногувор дар ҷамъият бояд маҳалла ба сифати қувваи иҷтимоии бузург ба майдон барояд.
Дар ҷамъомад таъкид карданд, ки бо мақсади зиёд кардани самарадории фаъолияти ҷамъомадҳои шаҳрвандони маҳалла, беш аз 50 вазифаи хоси фаъолияти онҳо набуда, аз зиммаашон гирифта мешавад. Акнун ҷамоати шаҳрвандони маҳалла (ҶШМ) бо масъалаҳое чун дар амал ҷорӣ кардани тамоили «Маҳаллаи обод ва бехатар», таъмини барқарории муҳити иҷтимоӣ-маънавӣ ва осоиштагӣ, ба тадбиркорӣ васеъ ҷалб кардани аҳолӣ, истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ, пешгирии худсарона азони худ кардани қитъаҳои замин, обод кардани ҳудудҳо машғул мешаванд.
Бо мақсади дар амал ҷорӣ кардани тамоили «Маҳаллаи обод ва бехатар» чораҳои баланд бардоштани мавқеъ ва обрӯи раиси маҳалларо дида, мизони ягонаи баҳодиҳӣ ба фаъолияти нозирони профилактикӣ таҳия ва рейтинги самарадорӣ ҷорӣ карда мешавад.
Чун ҷонишини раиси ҶШМ фаъолият пеш бурдани нозирони профилактикӣ, дар ҳар як маҳалла шудани нозири худ дар роҳи барқарор кардани ҳолати маҳалла аҳамияти муҳим дорад.
Мисол, нозири профилактикии мо барои маҳаллаи ҳамсоя низ масъул аст. Агар нозири маҳаллаи дигар ба таътил барояд, ба вай маҳаллаи саввумро низ вобаста мекунанд.
Оё дар чунин ҳол фаъолияти нозир самаранок мешавад? Зиёда аз ин нозирони профилактикӣ бояд супоришҳои роҳбарони садорати корҳои дохилии шаҳр ва шӯъбае, ки бевосита дар он фаъолият пеш мебаранд, иҷро кунанд, дар шӯъба баъзе шабҳо навбатдор шаванд. Оё нозир шаби дароз дар хизмат шуда, рӯзи дигар дар маҳалла комилан фаъолият пеш мебарад? Акнун ба чунин ҳолатҳо роҳ дода намешавад.
Раисҷумҳурамон дар рафти ҷамъомад чанд маротиба таъкид кард, ки агар роҳбарон ходимони сохтори маҳалларо ба корҳои берун аз вазифаи онҳо ҷалб кунанд, ҷазои сахт мегиранд.
Дар таркиби Вазорати масъалаҳои маҳалла ва оила, ки ташкил карда мешавад, Бунёдҳои ҷамоатии «Дастгирии зан-духтарон ва оила», «Нуронӣ» ва «Маҳалла» ба сифати сохтори ягона фаъолият пеш мебаранд ва ин имконияти дар соҳаи мазкур давлат ва ҷамъият муттаҳид ва сӯи мақсади ягона равон кардани қувваҳоро медиҳад.
Вале набояд фаромӯш кард, ки корҳо роҷеъ ба беҳдошти фаъолияти маҳалла баробари боз ҳам баланд бардоштани мавқеи он ба зиммаи кормандони сохтор вазифаҳои нав мегузорад ва масъулияти онҳоро чанд маротиба зиёд мекунад. Инҷо саволи табиӣ ба миён меояд: оё мо ба ин тайёрем? Аз ӯҳдаи ба тарзи нав фикр карда, фаъолият пеш бурдан мебароем?


Тошпӯлод РАҲМАТУЛЛОЕВ,
раиси ҷамоати шаҳрвандони
Боғимайдони шаҳри Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ