Бемории номаълум дар Нигерия ҷони мардумро ба хатар андохтааст

Бемории номаълум дар Нигерия ҷони мардумро ба хатар андохтааст

  • Post category:Ҷаҳон

Дар иёлати Бенуэи Нигерия паҳншавии бемории номаълум мушоҳида мешавад. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ ин беморӣ бо коронавируси COVID-19-и Чин рабте надорад. Дар ҳоли ҳозир беш аз 100 нафар мубталои ин беморӣ шуда ва 4 нафар бар асари он фавтидаанд.
Дар ин бора Daily Express хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки нахустин мавридҳои мубтало шудани одамон ба ин беморӣ дар моҳи январ сабт шуда буд. Шифокорон дар оғоз фикр карданд, ки дубора малярияи (безгак) Ласса паҳн мешавад. Чунки нишонаҳои он ба нишонаҳои малярияи Ласса шабоҳати зиёд дошт.
То ҳол усули муъолиҷаи беморӣ пайдо нашудааст. Мутахассисоне, ки дар озмоишгоҳ ба омӯхтани ин беморӣ пардохтаанд, эътироф мекунанд, ки бо бемории нав рӯбарӯ шудаанд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ