Ректори донишкадаи давлатии тиббиёти Самарқанд аз вазифа озод шуд

Ректори донишкадаи давлатии тиббиёти Самарқанд аз вазифа озод шуд

  • Post category:Асосӣ

Азамат Шамсиев, ректори донишкадаи давлатии тиббиёти Самарқанд аз вазифаи худ барканор шуд. Ҷасур Ризаев, ки ректори донишкадаи давлатии стоматологияи Тошканд буд, бо қарори Девони Вазирон – “Дар бораи таъин кардани ректорҳои муассисаҳои таълими олӣ” (14 феврал, рақами 82) раҳбари нави ДДТС таъин шуд.
Азамат Муҳитдинович Шамсиев аз соли 2004 дар мақоми ректори ДДТС фаъолият дошт.
Ҷасур Ризаев – доктори фанҳои тиб, дотсент соли 1974 дар шаҳри Тошканд таваллуд шудааст. Ӯ дар солҳои гузашта дар муассисаҳои таҳсилотӣ ва тиббӣ фаъолияти роҳбарӣ дошт.
Ёдовар мешавем, ки Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон рӯзи 31 январ гуфта буд, ки ба зудӣ ректорҳои якчанд донишгоҳҳо аз вазифа озод мегарданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ