Дар назди муассисаҳои таълими олии  вилоятҳо факултаҳои ҳуқуқшиносӣ кушода мешаванд

Дар назди муассисаҳои таълими олии вилоятҳо факултаҳои ҳуқуқшиносӣ кушода мешаванд

  • Post category:Маориф

Дар Ӯзбекистон системаи таълим, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони ҳуқуқӣ такмил дода мешавад. Дар ин бора дар лоиҳаи Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи амал оид ба панҷ стратегияи ҳаракатҳои Ҷумҳурияти Ӯзбекистон барои солҳои 2017-2021 дар Соли рушди илм ва иқтисоди рақамӣ гуфта шудааст.

Тибқи ин санад, система то 20-уми марти соли 2020 амалӣ хоҳад шуд.

Дар лоиҳа:

• кушодани факултетҳои ҳуқуқшиносӣ дар мактабҳои олии ҷумҳурият;

• Таъсис додани системаи самараноки омӯзиш ва бозомӯзии доимии кормандони ҳуқуқӣ ва педагогӣ;

• Ҷорисозии шаклҳо ва усулҳои инноватсионии таълим, технологияҳои нави педагогӣ, дарсҳои интерактивӣ ва вазъӣ.

Иҷрокунандагон — Вазорати адлия, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Садорати корҳои дохилӣ, Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус.

Қамариддин Шайхов

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ