Шумори қурбониёни коронавирус дар Чин ба 1665 нафар расид

Шумори қурбониёни коронавирус дар Чин ба 1665 нафар расид

  • Post category:Ҷаҳон

Дар чин шумори кушташудагон бар асари беморӣ аз коронавируси Covid-19 ба 1665 нафар расид.
Ҳамчунин, 68,5 ҳазор нафар мубталои ин вирус шудаанд.
Рӯзи гузашта дар вилояти Хубэй, ки сарчашмаи коронавирус аст, 139 нафар, дар Сичуан 2 нафар ва дар Хунун як нафар қурбонии ин вирус гардиданд. Илова бар ин, 2009 нафар мубталои вирус шуданд.
Ҳоло беш аз 57 ҳазор нафар дар бемористонҳо муъолиҷа мешаванд. Вазъияти саломатии 11,2 ҳазор нафари онҳо вазнин аст.
Дар зимн, 9419 нафар шифо ёфтанд ва ба хонаҳои худ баргаштанд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ