Нахустин мавриди марг дар Аврупо аз коронавирус

Нахустин мавриди марг дар Аврупо аз коронавирус

  • Post category:Ҷаҳон

Як сайёҳи чинӣ дар Фаронса, ки мубталои
коронавирус шуда буд, оқибат ҷон бохт. Ин нахустин мавриди марг аз коронавирус дар Аврупо аст. Дар ин бора BFM TV ба нақл аз Анез Бузен, вазири тандурустии Фаронса хабар дод.
Ба гуфтаи Бузен, сайёҳи чинӣ, ки 80-сола буд, рӯзи 16 январ вориди Фаронса шуд. Ӯро рӯзи 25 январ бо нишонаҳои коронавирус дар бемористон бистарӣ шуд.
Вазири Фаронса афзуд, ки духтари сайёҳи чинӣ низ бемори ин вирус аст ва ӯ низ ҳоло дар бемористон мебошад. Хушбахтона, вазъияти саломатии бону беҳтар аст ва ба зудӣ ӯро аз бемористон ҷавоб медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Африқо, дар кишвари Мирс низ як мавриди марг бар асари вируси Covid-19 сабт шуд.
Ҳамчунин, то ба ҳол берун аз Чин дар Ҳонгконг, Япония ва Филиппин низ се нафар қурбони коронавирус шудаанд.

Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ