Ашраф Ғанӣ: Афғонистон барои коҳиши шумори сарбозони ИМА дар кишвар омода аст

Ашраф Ғанӣ: Афғонистон барои коҳиши шумори сарбозони ИМА дар кишвар омода аст

  • Post category:Ҷаҳон

Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон дар конфронси байналмилалии амниятӣ дар Мюнхен гуфт, ки кишвараш ба коҳиши эҳтимолии низомиёни ИМА омода аст. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир 94 дарсади амалиёти низомиро дар Афғонистон нерӯҳои мусаллаҳи кишвар анҷом медиҳад.
Дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон даргириҳои мусаллаҳона дар миёни ҷунбиши Толибон ва нерӯҳои мусаллаҳи кишвар идома дорад. Дар зимн, расонаҳо хабар доданд, ки мақомоти ИМА бо намояндагони ҷунбиши Толибон дар бораи сулҳи муваққатии ҳафтрӯза ба тавофуқ расиданд. Агар музокираҳои тафарҳо дар ин муддат натиҷаи хуб диҳад, мумкин аст, ки барои хориҷ шудани нерӯҳои мусаллаҳи комили ИМА аз Афғонистон шароит фароҳам ояд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ