МОҲИ ИЮН ДАР ТОШКАНД КОНФРОНСИ МИНТАҚАВИИ ҶАМЪИЯТИ ТАДҚИҚОТИ МАРКАЗИ АВРООСИЁ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

МОҲИ ИЮН ДАР ТОШКАНД КОНФРОНСИ МИНТАҚАВИИ ҶАМЪИЯТИ ТАДҚИҚОТИ МАРКАЗИ АВРООСИЁ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Иттиҳодияи байналхалқии олимон, ки ба омӯзиши маҷмӯии Минтақаи Авроосиё – Ҷамъияти тадқиқоти Маркази Авроосиё (CESS — CentralEurasianStudiesSociety) тахассус дорад, дар Ӯзбекистон Конфронси ҳафтуми минтақавиро баргузор мекунад.
Ҷамъияти тадқиқоти Маркази Авроосиё – созмони байналхалқиест, ки соли 2000-ум таъсис ёфтааст ва ба сохтори Мактаби муносибатҳои байналхалқии Эллиота, ки узви Иттиҳодияи мактабҳои касбӣ дар соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ (APSIA) ба шумор рафта, дар рейтинги марказҳои беҳтарини таҳлилии ҷаҳон мақоми 34-умро ишғол менамояд, ворид мегардад.
Муоҳида дар бораи баргузор кардани конфронси мазкур дар ҷараёни вохӯрии Сафири Ӯзбекистон дар ИМА Ҷавлон Ваҳҳобов бо директори Донишкадаи тадқиқотҳои аврупоӣ, русиягӣ ва авроосиёии назди Мактаби Эллиота Марлен Лаурел ба имзо расида буд.
Конфронси минтақавии CESS, ки дар ду сол як бор дар майдони мактабҳои олии машҳури минтақа гузаронида мешавад, олимони соҳаҳои иқтисодиёт, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, ҷамъиятшиносӣ, таърихшиносӣ ва антропологҳои маъруфи ҷаҳонро ҷалб менамояд.
Майдони асосии конфронс соли равон Донишгоҳи иқтисодиёт ва дипломатияи ҷаҳони Тошканд хоҳад шуд. Дар ин чорабинӣ, ки баргузориаш дар моҳи июни соли 2020-ум ба нақша гирифта шудааст, иштироки зиёда аз 300 коршинос оид ба Осиёи Марказӣ, муҳаққиқони машҳури «марказҳои ақлӣ» пажӯҳишгоҳҳои таҳлилӣ, ҳамчунин технологҳои сиёсӣ ва таҳлилгарони тиҷоратӣ аз ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Русия, Чин,Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Покистон ва кишварҳои дигарро пешбинӣ менамояд.
Дар ҷараёни конфронс ва «мизҳои мудаввар», машваратҳои олимони ватанӣ ва коршиносон имконияти мубодилаи ақида бинобар масъалаҳои муҳими савдо ва сармояҳо дар Осиёи Марказӣ, мустаҳкам кардани робитаҳои тарафайн, рушди қаробат, пешомадҳои ҷорӣ кардани усулҳои бомуваффақияти ҳамкориҳои минтақавӣ имконпазир хоҳад шуд.
Конфронс баробари коркарди тавсияҳо оид ба вусъат додани робитаҳои тиҷоративу сармоявии Ӯзбекистон бо кишварҳои пешқадами аз ҷиҳати технологӣ инкишофёфта барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои байни муассисаҳои академӣ ва илмиву тадқиқотӣ бо мактабҳои олии машҳури ҷаҳон маълумот пешниҳод мекунад.
Ҳангоми конфронс баргузор сохтани якчанд ҷамъомадҳои мавзӯӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи конфронс ташкил намудани барномаҳои маданӣ, ҳамчунин намоишгоҳ-бозорҳои маснуоти нодири ҳунармандӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ мегардад.
ОИ «Дунё»,
шаҳри ВАШИНГТОН.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ