Аз сабаби дар давраи дуюми мавсими порсола нишон дода натавонистани бозиҳои хуб клуби касбии футболи “Динамо” – и Самарқанд Суперлигаи мамлакатро тарк карда буд.
“Динамо” ба мавсими имсола ҳамаҷониба тайёрӣ мебинад. Ҷамоа дарвозабон Б.Эргашевро ба муддати як сол ба клуби касбии футболи “Қӯқон – 1912” ба иҷора дод. Бозингарон А.Холмуродов, Б.Насимов, М.Лоқаев, С.Эминов, Д.Каримов, А Шодмонов, С.Ҳамроев ва дигарон бо ҷамоа хайрухуш карданд.
Сармураббӣ Т.Оғамуродов вазифааашро идома медиҳад. Ба ӯ вазифаи баргаштан ба Суперлигаи мамлакат вогузошта шуд.
Пеш аз мавсими Про – лига сармураббӣ нақшаи бо бозингарони нав пурқувват намудани “Динамо” – ро дорад.
Ҷамшеди АСРОР.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ