Қабули сайёр дар Пайариқ: адади муроҷиаткунандагон дар як сол афзуд ё…

Қабули сайёр дар Пайариқ: адади муроҷиаткунандагон дар як сол афзуд ё…

  • Post category:Асосӣ

Тавре ки хабар дода будем, ҳоло ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов дар шаҳраки Челаки ноҳияи Пайрариқ қабули сайёр мегузаронад.
Мувофиқи гузориши Хизмати матбуоти ҳокимияти вилоят то соати 11:00 шумораи шаҳрвандоне, ки барои муроҷиат аз рӯйхат гузаштанд, 481 нафарро ташкил кард.
Хотирнишон мекунем, ки дар қабули сайёри Э.Турдимов, ки 19-уми феврали соли 2019 дар ноҳияи Пайариқ гузаронида шуд, муроҷиати беш аз 600 нафар шаҳрванд баррасӣ гардида буд.
Аҳолӣ бештар аз рӯйи масъалаҳои таъмири роҳҳо, афзунсозии сифати хизмати тиббӣ, беҳсозии таъминоти барқ ва гази табиӣ, ба кор ҷойгир гардидан ва масъалаи “Бозори деҳқонии Челак” ва вайрон кардани хонаву ҷойи атрофи он муроҷиат карда буданд.
Хизмати ахбори ҳокимияти вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ