Донишҷӯйи самарқандӣ дар олимпиадаи байналхалқӣ ҷойи сеюмро ишғол кард

Донишҷӯйи самарқандӣ дар олимпиадаи байналхалқӣ ҷойи сеюмро ишғол кард

Дар Донишгоҳи федералии Козон бо ташаббуси Вазорати фан ва таълими олии Федератсияи Россия аз фанни маркетинг олимпиадаи байналхалқӣ баргузор гардид.

Олимпиада ба тарзи онлайн ташкил гардида, дар он донишҷӯёни 56 то муассисаҳои таълими олии Россия ва 12 то мамлакатҳои хориҷӣ иштирок намуданд.

Аз ҷумла, дар он донишҷуйи равияи маркетинги Донишкадаи иқтисод ва сервиси Самарқанд Ҳасан Бегматов иштирок намуд.

Мувофиқи натиҷаҳо, Ҳ. Бегматов дар баҳсҳои саволу ҷавобҳои кушод фаъолӣ нишон дода, бо медали биринҷи сарфароз гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ