Директори генералии “Амазонка” Ҷефф Безос ба хотири мубориза бо тағирёбии иқлим дар сайёра 10 миллиард доллар аз буҷаи худ ҷудо намуд

Директори генералии “Амазонка” Ҷефф Безос ба хотири мубориза бо тағирёбии иқлим дар сайёра 10 миллиард доллар аз буҷаи худ ҷудо намуд

  • Post category:Ҷаҳон

Сарвадмандтарин одами дунё, директори генералии “Амазонка” Ҷефф Безос тасмим гирифт, ки “Бунёди Замин”-ро ба хотири мубориза бо тағирёбии иқлим дар сайёра таъсис диҳад ва бо ин мақсад 10 миллиард доллар аз буҷаи худ ҷудо намуд. Дар ин бора ӯ дар “Instagram”-и худ иттило медиҳад.
«Ман мехоҳам усулҳои аллакай омӯхташударо дар амалия ҷори намуда, усулҳои навро дар мубориза бо оқибатҳои харобиовари тағирёбии иқлим кашф кунам» — менависад Безос.
Дар ин росто Безос аз ширкатҳо, ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва мардуми оддӣ даъват кард, ки бояд дар якҷоягӣ ин иқдомро дар амалия ҷори намоянд.
Инчунин Безоз ба мардум муроҷиат карда, менависад:
«Замин ягона омилест, ки ҳамаи моро муттаҳид мекунад — биёед онро якҷоя ҳифз кунем»
Тавре рӯзномаи “Forbes» иттило медиҳад Ҷефф Безос сарватмандтарин одами сайёра дониста шуда, сармояаш ба 115,5 миллиард доллар мерасад.
pressa.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ