Тартиби аз мактаб ба мактаби дигар гузаронидани хонандаҳо такмил гардид

Тартиби аз мактаб ба мактаби дигар гузаронидани хонандаҳо такмил гардид

Дар Ӯзбекистон тартиби аз мактаб ба мактаби дигар гузаронидани хонандаҳо такмил дода шуд. Дар ин бора фармоиши дахлдори Вазорати таълими халқӣ қабул шуд.
Фармоиши мазкур тибқи Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 24-уми декабри соли 2019 таҳти рақами 1028 “Дар бораи чораву тадбирҳои такмил додани фаъолияти ташкилотҳои таълими нодавлатӣ таҳия шудааст.
Он тартиби давом додани таҳсил аз муассисаи таълими нодавлатӣ ба муассисаи таълими давлатиро муайян месозад.
Мувофиқи он волидони хонандагоне, ки таҳсили худро аз муассисаи таълими нодавлатӣ ба муассисаи таълими давлатӣ давом доданианд,ба директори мактаб нусхаи фармони хориҷ кардани хонанда, шаҳодатномаи таҳсилро пешниҳод мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ