Эркинҷон Турдимов «ҷанг» эълон кард

Эркинҷон Турдимов «ҷанг» эълон кард

  • Post category:Асосӣ

Дар ҷамомади маъмурияти ҳокимияти вилоят, ки 18-уми феврали соли 2020 дар маҷлисгоҳи хурди ҳокимияти вилоят баргузор гардид, ҳангоми муҳокимаи масъалаи ободонии мавзеъҳои шаҳар ва ноҳияҳо, ки аҳолӣ истиқомат мекунад, беҳдошти ҳолати санитарии онҳо ва вобаста бо партовҳо ҳокими вилояти Самарқанд таъкид кард, ки бар зидди лоқайди ва беэътиборӣ ба ин масъалаҳо «ҷанг» эълон карда шавад.

  • Баҳор дар мекӯбад, яъне табиат бедор мешавад-, гуфт ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов. – Шахсоне, ки ҳоло дар пинаканд , ҳамоҳанги ин навид бояд бедор шаванд. Ба атроф разм андозанд, ҷои зист ва кори худ, кӯчаҳои маҳалла ва ободонии онҳо эътибор диҳанд. Баҳор фасли бедоршавӣ ва навшавӣ аст, мегӯем. Одамон низ бояд ба он тайёр бошанд. Тайёрӣ бошад аввало аз худамон, хонаамон оғоз ёбад, айни муддао мешавад.
    Манбаъ: zarnews.uz
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ