Мезбонии мусобиқаи атлетикаи вазнини Осиёро аз Қазоқистон гирифтанд ва ба Ӯзбекистон доданд

Кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалил атлетикаи вазнин (AWF) тасмим гирифт, ки мусобиқаи қаҳрамонии атлетикаи вазнини Осиё аз Қазоқистон ба Ӯзбекистон кӯчонда шавад.
Ҳукумати Қазоқистон ахиран бо ҳадафи пешгирӣ аз вурӯди коронавирус ба кишвар ҳамлу нақли мусофирон бо кишварҳои ҳамсояи Чинро қатъ кард. Дар натиҷа кумитаи иҷроияи AWF мезбонии мусобиқаро ба Ӯзбекистон вогузор кард.
Мусобиқаи қаҳрамонии атлетикаи вазнини Осиё рӯзҳои 16-25 апрел баргузор хоҳад шуд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ