Гренландия фурӯши оби аз пиряхҳои худ ҳосилшударо барномарезӣ мекунад

Гренландия фурӯши оби аз пиряхҳои худ ҳосилшударо барномарезӣ мекунад

  • Post category:Ҷаҳон

Ҳукумати Гренландия мехоҳад оби пиряхҳои обшудаи худро ба кишварҳои хориҷа фурӯшад. Ба назари онҳо, дар минтақаҳое, ки ба далели тағйири иқлим дучори қаҳтӣ шудаанд, ба ин обҳо ниёз доранд.
Дар ин бора Йесс Сване, вазири саноъат ва энергетикаи Гренландия дар мусоҳиба бо нашри Der Tagesspiegel гуфтааст.
Сване гуфт, “Мо дар пайи як пажӯҳиш донистем, ки обамон чи андоза пок аст, захираи он чи қадар аст ва тӯли чанд сол метавонем аз он суди иқтисодӣ бардорем. Ҳоло мо метавонем ба тамоми ҷаҳон бигӯем, ки захираи калони оби пок дорем ва истисфодаи онро пешниҳод мекунем”.
Ба гуфтаи вай, бо мурури замон камбуди оби нӯшиданӣ дар ҷаҳон афзоиш меёбад ва Гренландия ба ин далел мехоҳад оби пиряхҳоро ба маҳсулоте тадбил диҳад, ки он дар ҷаҳон ин кишварро муаррифӣ кунад. Агар содироти оби пиряхҳо роҳандозӣ нашавад, ин об беҳуда ба баҳру уқёнус ҷорӣ мегардад.
Ҳоло дар Гренландия 9 лоиҳаи содироти оби пиряхҳо омодаи иҷро мебошанд.
Бино ба додаҳои иқлимшиносон, пиряхҳои чандинсолаи соҳилҳои Гренлндия дар муқоиса бо дигар минтақаҳои Арктика ду баробар сареътар об мешаванд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ