Дар вилояти Сирдарё зан ҳокими ноҳия таъин шуд

Дар вилояти Сирдарё зан ҳокими ноҳия таъин шуд

  • Post category:Асосӣ

Дилфуза Ӯралова ҳокими ноҳияи Боёвути вилояти Сирдарё таъин шуд.
Дилфуза Ӯралова хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Гулистон мебошад. Ӯ солҳои 1990-2001 ҳамчун омӯзгор, баъдан дар вазифаи мудири мактаби рақами 10-и ноҳияи Мирзообод кор кардааст.
Ӯ солҳои 2010-2015 дар вазифаҳои муъовинии ҳокими ноҳияи Мирзообод ва раиси кумитаи бонувон фаъолият дошт. Солҳои 2015-2017 намояндаи Маҷлиси қонунгузории порлумони кишвар буд.
Дилфуза Ӯралова аз соли 2017 то ба имрӯз муъовини ҳокими вилояти Сирдарё ва раиси кумитаи бонувони ин вилоят буд. Ӯ соли 2012 бо медали “Шуҳрат” сарфароз шудааст. Ӯралова узви Сенати Олий Маҷлис аст.
Дар ҳоли ҳозир Дилфуза Ӯралова ягона ҳокими зан дар Ӯзбекистон мебошад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ