Талаботи қатъӣ – ба ҳалли муроҷиатҳо

Рӯзи 17-уми феврал дар толори Мактаби спортии бачаҳо ва наврасони ноҳияи Пайариқ қабули сайёри ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов баргузор гардид. Он қариб 8 соат давом кард. Дар рафти қабул муроҷиати 556 нафар шаҳрвандон шунида шуд.

Бисёр шаҳрвандон барои ҳалли муаммоҳои шахсии худ не, бал­ки аҳолӣ ба қабули ҳоким омада буданд. Аз ҷумла, аҳли маҳаллаи Шайхаторо муаммои барқ азият медод. Онҳо бо маблағи ҷамъкар­даи худ ва ҳомиён дар маҳалла трансформатори нав шинонданд. Вале ба расмият даровардани он муаммо гашт.

Сокинони фаъоли маҳалла Ҳикматилло Эрназаров, Норбой Али­ев ва Баҳодур Шокиров ба қабули ҳоким омаданд. Ҳалли масъала ба зиммаи мутасаддиён ҳавола гардид.

Ёрдамчии сардиректори Ҷамъияти саҳҳомии Корхонаи шаба­каҳои электрии ҳудудии Самарқанд Ҳусниддин Абдусодиқов ба онҳо гуфт, ки ин масъала ҳалшаванда аст. Ба назди ӯ оянд, ҳуҷҷати трансформатор зуд расмӣ гардонда мешавад.

Мӯйсафедон хушнудона рақами телефони ӯро навишта ги­рифтанд.

Ташаббуси ҷавонон ҳамеша дар ҷӯш асту онҳо худро нишон додан мехоҳанд. Ҳамза Эшқувватов ҳам, аз қабили ҳамин гуна ҷа­вонони маҳаллаи ба номи Фитрати ноҳия аст. Ӯ ба қабули ҳоким ҳамчун тадбиркор муроҷиат кард, ки барои ташкили корҳои хиз­матрасонии маишиву варзишӣ замин ҷудо карда диҳанд, ӯ тайёр аст, ки маркази маҳаллаи навро ҳам сохта диҳад.

Баъди қабули ҳоким мо бо ӯ вохӯрдем.

– Ҷудо кардани замин масъалаи мушкил аст, – гуфт ӯ. – Вале ваъда доданд, ки ин масъаларо меомӯзанд. Нақшаҳои ман калон аст. Аз ин пештар ҳам ба ҳокими ноҳия барои ташкил кардани музей муроҷиат карда будам. Ман барои пешрафту гул-гулшукуфии кишварамон қувваю дониши худро дареғ намедорам. Худам дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд мехонам. Дар ноҳияи мо ҷойҳои таърихиву муқаддас бисёранд. Онҳоро омӯхтан, тарғибу ташвиқ кардан ва ба халқ нишон додан зарур аст. Мақсади ман археолог шуда, корҳои илмиву тадқиқотӣ бурдан ва дар ин соҳа ҳисса гузоштан аст.

Дар қабул, ки сокинони маҳаллаҳо низ буданд, мо бо раиси шӯъбаи ноҳиявии Бунёди ҷамоатӣ – хайриявии «Маҳалла» Фарҳод Хидиров сӯҳбати сарипойӣ оростем.

– Фарҳодака, бигӯед, ки дар ноҳияи Пайариқ чанд маҳалла ҳаст?

– 65 маҳалла.

– Муаммоҳои сокинони маҳаллаҳо кам нестанд. То ҳозир чанд нафар ба ҳоким муроҷиат карданд? Муроҷиатҳо кадом масъа­лаҳоро дар бар мегирифтанд

– То ҳол 10 нафар аз қабули ҳоким баромаданд. Ҳамаи онҳо асосан бо масъалаҳои гирифтани ёрии моддӣ, таъмиру хонаву ҷой, моҷароҳои оилавӣ ва ғайра ба ҳоким муроҷиат карданд.
– Баъзе муроҷиатҳоро ба қабули сайёри ҳокими вилоят нао¬мада ҳам ҳал кардан мумкин аст?
– Ҳа. Чунки ҳар ҳафта ҳокими ноҳия ва роҳбарони секторҳо қа¬бул мегузаронанд. Масъалаҳои оддиро бемалол дар ҳамон қабулҳо ҳал кардан мумкин аст. Вале аксари мардуми мо одат кардаанд, ки ба ҳокими вилоят муроҷиат кунанд. Бисёр арзу шикоятҳоро бемалол худи раисони маҳаллаҳо ҳал карда метавонанд. Барои ин раиси мефаҳмидагӣ ва гапаш мегузаштагӣ даркор. Масалан, раисони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои Бурқут, Гӯзал, Ян¬гиобод, Хоҷа Исмоил аз ҳамин қабиланд, ки аҳолиаш ба қабули сайёри ҳокими вилоят наомадаанд…
Ҳамин вақт Фарҳод Хидировро ҳокими вилоят ба наздаш даъват кард. Сӯҳбати мо нопурра монд. Шумораи муроҷиатку-нандагон боз ба як нафар афзуд.
ИН ДАФЪА МУАММО ҲАЛ МЕШАВАД

Роҳҳои байни қишлоқҳо ба муаммои рӯз табдил ёфтааст. Дар давраи бориши барфу борон кӯчаҳои ноҳамвор пур аз обу лой гашта, на танҳо ҳаракати нақлиёт, балки гаштани одамон ҳам душвор мегардад. Ин масъала кайҳо боз сокинони маҳаллаи Бешқӯрғонро ба ташвиш меорад. Рафтуои фарзандонашонро ҳам ба мактаби таълими умумии рақами 15 душвор сохта, бо пойафзо¬лҳои тару лойолуд синфу долонҳои мактабро нотоза мегардонанд.
– Бо ҳамин масъала бори дуввум ба ҳокими вилоят муроҷиат намудам, – гуфт сокини маҳалла Муқаддам Бекпӯлодова. – Роҳҳои байни қишлоқамон кайҳо боз таъмирталаб мебошад. Бо қувваи худамон қариб 5 километр роҳро ба тартиб оварданамон душвор аст. Ҳоким мутасаддиёнро вазифадор карданд. Роҳбари ноҳиявӣ дар назди калонҳои ташкилоти роҳсозони вилоят ваъда доданд, ки ин масъаларо дида мебароянд ва ба роҳҳои дохилӣ ба ғафсии 20 сантиметр шағал рехта, тахту ҳамвор мекунанд…

Бахтиёр ҶУМЪАЕВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ