Солҳои охир таҳти роҳбарии сарвари давлат барои ба вуҷуд овардани муҳити мустаҳками рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ, таъмини осудагӣ, мусолиҳаи байниҳамдигарӣ ва фарохдилӣ эътибори алоҳида дода мешавад. Бояд таъкид намуд, ки бо мақсади беҳдошти куллии фаъолияти сохтори маҳалла чанд фармону қарорҳои Президент ва Девони Вазирон қабул гардиданд. Рӯзи 12-уми феврали соли ҷорӣ низ таҳти раёсати Президенти мамлакат бахшида ба масъалаҳои такмил додани институти маҳалла, таҳкими сулҳ ва оромӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар маҳалҳо видеоконфронс баргузор гардид.
Сӯҳбати мо бо раиси шӯъбаи вилоятии Бунёди ҷамоатӣ – хайриявии «Маҳалла»-и вилоят Бадриддин Насриев доир ба бурду бохт гардид.
– Ҳоло дар вилояти Самарқанд 1095-ҷамъомади шаҳрвандони маҳалла фаъолияти пеш мебаранд, – гуфт Бадриддин Насриевич. Аксарияти аминҳои гузару маҳаллаҳо дар интихоботи гузаштаи сохтори «Маҳалла» бори нахуст ба вазифаи пурмасъул интихоб шудаанд. Аз ҳама муҳимаш, ҷонишинҳои раис оид ба корҳои иҷтимоӣ ва маънавӣ-маърифӣ таъин гардиданд, ки барои пурсамарона фаъолият бурдани Бунёди ҷамоатӣ-хайриявии «Маҳалла» хизмати онҳо калон аст. Шояд аз ҳамин сабаб дар беш аз 500 маҳалла ҷиноят содир нашуд, ки нисбат ба соли 2018 хеле зиёд мебошад.
– Бадриддин Насриевич, барои беҳдошти фаъолияти маҳаллаҳо чӣ гуна тадбирҳо андешида шуданд?
– Ҳар сол дар байни гузару маҳаллаҳо гузаронидани озмун-азназаргузаронӣ ба анъана табдил ёфтааст, ки мақсади он аз таҳлили фаъолияти мушовирон ва оммависозии таҷрибаҳои пешқадами онҳо иборат мебошад. Дар ҷараёни озмун ҳакамон фаъолияти иштирокдоронро аз лиҳози нишондиҳандаҳо, мувофиқати онҳоро ба қонун, баҳои холисона медиҳанд, ки дар байни онҳо Хазинаи «Нуронӣ», намояндагони идораҳои корҳои дохилӣ ва таълими халқӣ, пешвоёни дин, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ходимони расонаҳои ахбори оммавӣ ширкат меварзанд. Озмун бо усули саволу ҷавоб, андешаҳои иштирокчиён нисбат ба таъмини барқарории муҳити иҷтимоиву маънавии гузару маҳалла, тарғиби арзишҳои миллӣ, ба замона хос, камхарҷ гузарондани тӯй ва дигар маросимҳо баргузор мегардад.
Бо ташаббуси шӯъбаи вилоятии Бунёди ҷамоатӣ-хайриявии «Маҳалла» дар мавзӯи «Ҳамкории ташкилотҳои ҷамоатӣ ва давлатӣ дар ташаккули тадбирҳои маънавӣ-маърифатӣ дар оила ва маҳалла» бо иштироки нозирони қитъавӣ, посбонон ва мутахассисони кор бо занон ва мустаҳкам кардани суннатҳои аҷдодӣ дар оилаҳо анҷуманҳои таълимӣ-таҷрибавӣ гузаронидем, ки хотирнишин буд.
Дар тӯли соли гузашта қариб 40 нафар шаҳрвандони фаъолу ташаббускор ва вакилони сохторҳои ҷамоатӣ сазовори нишони сарисинагии «Ифтихори маҳалла» гардиданд.
– Чанде пеш дар рӯзномаи «Гулобод тонги»-и ноҳияи Самарқанд мақолаи танқидӣ бо сарлавҳаи «Маҳаллаи бе бино» чоп шуд.
– Хабардор ҳастам. Дар ҳақиқат на танҳо дар гузари Хоҷа Аҳрори Валӣ, инчунин аксарияти маҳаллаҳои вилоят аминҳо бинои корӣ надоранд. Аммо аз ҳисоби шӯъбаи мо дар маҳаллаҳои «Навбоғчиён» ва «Бахтли ҳаёт»-и шаҳри Самарқанд, «Ҷӯшота», «Булоқбоши»-и ноҳияи Нуробод, маркази маҳаллаи ноҳияи Пахтачӣ биноҳои замонавӣ қад афрохтанд. Доир ба ҳалли ин мушкилот низ чорабиниҳо андешида мешавад.
– Соли гузашта Бунёди «Маҳалла» 70 нафар шахсро ба рӯзномаи «Овози тоҷик» обуна карда буд, вале имсол…
– Маънои кинояи нозуки шумо фаҳмо аст. Имсол барои обуна ба рӯзномаҳои вилоятии «Зарафшон», «Самаркандский вестник», «Овози Самарқанд» беш аз 70 миллион сӯм ирсол кардем. Ваъда медиҳем, ки аз моҳи март шумораи мухлисони рӯзномаи «Овози тоҷик» дар Самарқанд низ зиёд хоҳад шуд.
– Ташаккур! Акнун доир ба нақшаҳои оянда низ ҳарф мезадед…
Хабар доред, ки чанде пеш таҳти раёсати сарвари давлат ҷамъомада гузаронида шуд.
Дар ҷамъомад мушкилоти бевосита дар маҳаллаҳо ҷойдошта қайд гардида, ба масъалаҳои дастгирӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии мақомоти худидораи шаҳрвандон эътибор дода шуд.
Инчунин, масъалаҳои татбиқи тамоюли мазкур ва ислоҳсозии низоми маҳалла ба таври муфассал баррасӣ шуданд.
Роҳбари давлат зарурияти муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳоро барои ҳалли самарабахши камбудиҳо ва норасоиҳои маҳаллаҳо, таъмини сулҳ ва оромӣ қайд кард. Пешниҳод карда шуд, ки як мақоми алоҳидаи давлатӣ, ки ба ин соҳаи бузург масъул аст — Вазорати оид ба кор бо маҳалла ва оила созмон дода шавад.
Сарвари давлат қайд кард, ки маҳалла оинаи тинати миллии мост ва дар ҷомеа нақши муҳим дорад ва пешниҳод кард, ки 22-уми март ҳамчун Рӯзи кормандони низоми маҳалла эълон карда шавад. – Мо аз ин эътибор хурсанд гардидем.
– Аллакай чанд тадбирҳо андешидем, ки онҳо баҳри пурзӯр намудани фаъолияти маҳаллаҳо, зиёд кардани ҳисси ҳурмату эҳтиром нисбати қонунҳо, пешгирии қонунвайронкунӣ ва ҷудошавӣ дар оилаҳо, ва ғайра иборат мебошад. Зеро ҳар як шаҳрванд бояд бо маҳаллаи худ ифтихор кунад.
Мусоҳиб: Зоҳир ҲАСАНЗОДА.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ