ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ҲАЙАТИ ВЕНГРИЯРО ҚАБУЛ КАРД

ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ҲАЙАТИ ВЕНГРИЯРО ҚАБУЛ КАРД

  • Post category:Асосӣ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 18 феврал бо ҳайати Венгрия таҳти сарпарастии вазири алоқаҳои иқтисоди берунӣ ва корҳои хориҷӣ Петер Сийярто, ки аз мамлакати мо бо ташрифи корӣ барои баргузор намудани ҷамъомади навбатии комиссияи муштараки байниҳукуматӣ боздид менамояд, мулоқот намуд.
Роҳбари давлат бо қаноатмандии том рушди муттасили байни Ӯзбекистону Венгрияро дар солҳои охир, ки дар рӯҳи дӯстии анъанавӣ ва шарикии бисёрҷанба сурат мегирад, таъкид кард.
Робитаҳои муфид байни мамлакатҳоямон дар дараҷаҳои гуногун роҳандозӣ гардидааст. Табодули мол дар поёни соли гузашта 45 фоиз афзуд. Лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт ба амал татбиқ мегарданд. Дар ҷанбаи таълим, маданият ва сайёҳӣ мубодила васеъ мегардад.
Петер Сийярто аз Президенти Ӯзбекистон барои пазироии гарм самимона миннатдорӣ намуда, беҳтарин таманноҳои Сарвазири Венгрия Виктор Орбанро расонд.
Табодули афкор дар заминаи масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва ҳамкории минтақавӣ, аз он ҷумла дар андозаи гуфтугӯи дуҷониба бо Иттиҳоди Аврупо ба амал омад.
Ба пеш бурдани лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо татбиқи таҷрибаи пешқадам ва технологияи замонавии пешсафтарин ширкатҳои Венгрия ва ҳамчунин таъмини молиявии онҳо эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Зимни мулоқот рушди истиқболноки алоқаҳои байниминтақавӣ, татбиқи барномаҳо дар бахши бонк, дар соҳаи нақлиёт, тарбияи мутахассисони баландмалака муҳокима гардиданд.
Ҷадвали мулоқотҳои оянда дар дараҷаи олӣ низ баррасӣ гардид.
ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ