Аэропорти Самарқанд чӣ хел намуд мегирад?

Аэропорти Самарқанд чӣ хел намуд мегирад?

  • Post category:Асосӣ

 То охири соли 2020 дар ҶММ «Тайёра­гоҳи байналхалқии Самарқанд» ба охир расонидани сохтмони маҷмӯи аэровок­зали навро бо имконоти гузарондани 600 мусофир дар як соат, хати нави парвозу фурудоӣ, перрон ва ҷой барои истгоҳи 22 тайёра ба нақша гирифтааст. Баъд аз тармим «Самарқанд» метавонад ҳамаи навъи киштиҳои ҳавоии мавҷудбударо бе маҳдудият қабул кунад.

Маҷмӯи нави аэровокзал бинои 4-қаба­таи бо таҳтӯла буда, дар он баробари толори қабул ва гусели мусофирон толорҳои Duty, Free, VIP ва CIP‑и бароҳат ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ пешбинӣ шудаанд. Дар май­дони назди аэровокзал автоистгоҳ барои 730 ҷой сохта мешавад.

Ҳоло таёрагоҳи «Самарқанд» дар як ҳаф­та ба 40 парвози тайёраҳо ба шаҳрҳое чун Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Стамбул, Тошканд хизмат мерасонад. Пас аз амалӣ шудани нақшаи мазкур хизматрасонӣ ба парвозҳо ҳафт маротиба зиёд мешавад, яъне, ҳар рӯз – 40 парвоз.

Афзудани парвозҳо мутобиқан зиёд шу­дани техникаҳои махсусро барои хизматра­сонӣ ба киштиҳои ҳавоӣ талаб мекунад. Би­нобар ин моҳи декабри соли 2019 аз заводи «MAN» барои мусофирон автобуси махсус харида шуд. Ҳоло ташкилоти AO Uzbekistan Airports масъалаи гирифтани боз 2 автобус, 2 мошини боркаш ва 2 мошине, ки ба тай­ёраҳо сӯзишворӣ меандозад, хариди боз 42-то техникаи махсусро дар давоми соли 2020 ба нақша гирифтааст. Дар тайёрагоҳи Самарқанд дар айни ҳол 634 нафар одам кор мекунанд. Зиёд шудани шумораи парвозҳо имкон медиҳад, ки боз беш аз 350 нафар одам бо кор таъмин карда шавад.

Директори тайёрагоҳ М. Ҷамолов ба фаъолияти муассисаи авиатсионӣ ме­неҷменти замонавиро дохил карданӣ аст. Аз имсол сар карда, ба маданияти хизма­трасонии киштиҳои ҳавоӣ ва мусофирон диққати махсус дода мешавад. Инчунин, машғулот роҷеъ ба таълими забони ан­глисӣ барои ҳайати кормандони ин соҳа ташкил карда шуданд.

А.АСЛИЕВ, сариқтисодчии ҶММ «Тайёрагоҳи байналхалқии Самарқанд».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ