ДЕВОНИ НАВИ АҲМАДИ ДОНИШ ДАРЁФТ ГАРДИД

ДЕВОНИ НАВИ АҲМАДИ ДОНИШ ДАРЁФТ ГАРДИД

  • Post category:Фарҳанг

То кунун дар маҳофилу доираҳои илмӣ-адабӣ, мактабҳои миёнаву олӣ асосан роҷеъ ба осори насрии Аҳмад махдуми Дониш аз қабили «Наводир-ул-вақоеъ», «Рисола дар назми тамаддун ва таъовун», «Шарҳи ҳоли амирони Бухорои шариф», «Номус-ул-аъзам», «Меъёр-ут-тадайюн» ва ғайра сухан ба миён меоварданд, вале дар ин хусус, ки ӯ дар дарбори Амир Музаффар, қабл аз ҳар чиз, чун муҳандису мусаввиру ситорашинос шуҳрат дошт ва осори гаронбаҳое дар улуми табиӣ аз ҷумла, «Зийҷи Аҳмади Дониш», «Манозир-ул-кавокиб» офаридааст, кам маълумот оварда шудааст.

Зимни тадвини Феҳристи нави дастнависҳои шарқи АУ Ӯзбекистон, ки баъд аз тахминан 40 соли чопи Феҳристи маъруфи академик Семёнов сурат пазируфт, нависандаи ин сатрҳо вазифаи қироати матнҳои душворхони форсию арабии Феҳристро бар ӯҳда доштам. Хушбахтона, рӯзе дар миёни анбӯҳи нусхаҳо чашмам ба ин дастхати девони Аҳмади Дониш, ки воқеан ҳам дар миёни як ҷилди се асар доштаи як дастнависи қарни XIX пинҳон шуда буд, афтод. Пас аз баррасиҳои ҳамаҷониба бо коршиносон ин девонро ба Феҳристи нав чун асари алоҳида ворид кардем, ки мухтасаран аз мушаххасоти зерин иборат аст: Забон – тоҷикии форсӣ, муаллиф – Аҳмад махдум бин ан-Носир ас-Сиддиқӣ мутахаллис ба Дониш ва мулаққаб ба Калла. Дар ин ҷилд се асари манзум гунҷонида шудааст: девони нахустин ба Зуҳурӣ тааллуқ дошта, девони дувум ба Аҳмади Дониш мутааллиқ буда, аз 60 варақ иборат аст. Ин девон моҳи октябри соли 1880 дар Бухорои шариф аз ҷониби котибе бо номи Абдулҳафиз китобат шудааст. Ашъор ба сурати зайл ороста гардидаанд: ғазалҳо, қасидаи муноҷот бо санъати ширу шакар, мухаммасҳои худи муаллиф бар ғазалҳои Хоҷа Ҳофиз, Бедил, Имлои Бухороӣ, Ҷомӣ, Носир.
Дар истинсохи нусха, мутаассифона, котиб ба баъзе хатову иштибоҳоти имловӣ ва арӯзӣ роҳ додааст, вожаҳоеро низ нохудогоҳ сарфи назар кардааст, ки ин ҳама ҷузъӣ буда, бар асолат ва арзиши умумии дастнавис осебе намерасонад.
Ба сурати куллӣ девони навкашфгардидаи Аҳмад махдум аз аввал то охир бо хати настаълиқи Бухоро хоно, фаҳмо, равон дар ду сутуни мураббаъ бо истифодаи мистар ва коғази дастсохти Хӯқанд китобат шуда, мубарро аз ҳар гуна ноқисии ҷиддист. Таҳқиқи адабӣ-матншиносӣ ва таҳияи девон барои нашри академӣ дар Институти ба номи Абӯрайҳони Берунӣ аз тарафи роқими ин сатрҳо идома дорад.
Дар мавриди дигар осори назмӣ доштан ё надоштани ӯ зикр кардан ҷоиз аст, ки Аҳмади Дониш дар китоби боарзишаш «Наводир-ул-вақоеъ» таъкид кардааст, ки ба ҷамъу тадвини девони ашъораш напардохтааст.
Пас маълум мешавад, бегумон ашъори зиёде навиштааст ва ба эҳтимоли қавӣ, шояд девону манзумаҳои дигаре низ дорад, ки дар байни баёзу мунтахабҳо аз назари муҳаққиқони мо дуру мастур мондаанд. Мисдоқи фикри боло асари савуми ҳамин муҷаллад аст, ки ба сурати баёз бо ашъори шуарои мухталиф, минҷумла, Фаридуддини Аттор, Ҷалолуддини Балхӣ, Ҷомӣ, Исмати Бухороӣ ва як қасидаи Аҳмади Дониш низ тадвин ва ороста гардидааст.
Боз дар мавриди шоири тавоно будани Дониш як мулоқоти ӯ бо Императори Русия ва арҷ ниҳодани шоҳ ба шеъри мадҳияи ӯ дар васфи Малика, духтари Император, далелест мубарҳан, ки дар «Наводир-ул-вақоеъ» нақл мегардад:

«Боре (Император) ҳамроҳи духтараш даст ба даст ҳамойил карда меомад, то бо бархӯрд ба ман хитоб кард, ки «он навиштае, ки дар васфи Малика кардаӣ, дидам, бисёр хурсанд шудам, басе маъниҳои баланд дошт, аммо ҳайф аст, ки мо лафзи онро намедонем, то сара аз сақат (зишт) маълум кунем. Гуфтам: Алфоз қаволиби маъниҳост, то лафз хуб наёяд, маънии баланд аз вай сар бар назанад. Гуфт: Туро дар ҳазрати мо бисёр мадҳ карданд, ки донишвар аст ва ду-се рӯз аст дар ин вилоят омадааст… чаро забони моро наомӯхтаӣ ва намедонӣ? Гуфтам: Ҳар вақте ки маро дар давлати ту омадшуд афтод, шабу рӯз моро ба гашту сайр фармуданд ва ба тамошохонаҳову корхонаҳо тавоф доданд, маро дил надод, ки тамошову сайрро гузошта, ба таҳсилу хондан машғул шавам ва боз гумон кардам, ки мабодо муовадат (бори дигар омадан) дар ин балда даст надиҳад ва мушоҳидаи аҷоиботи давлате нав аз ман фавт шавад… Импротӯр саре биҷунбонид ва истеҳсон фармуд… Ҳар ҷо, ки моро медид, ба духтари худ ишора мекард, ки «ин он мард аст, ки туро мадҳ гуфтааст, вай ҳам (духтари Император) мутабассим шуда (табассум намуда), бо ман тамаллуқе мекард ва сар меҷунбонид…»
Агар дақиқтар ба таърихчаи офаридани ин мадҳия назар кунем, хоҳем дид, ки мубтакири он Козимбек, мутарҷими сафорат будааст. Аҳмад махдум бино ба дархост ва пофишориҳои зиёди ӯ дар бобати шеъре бахшидан ба ҷашни арӯсии духтари Император, номи домоду арӯс (Алфред ва Морӣ)-ро мепурсад, ки ба алифбои арабӣ дар маҷмӯъ нуҳ ҳарфро ташкил медиҳанд ва ҳамзамон ҳар нуҳ ҳарфро ба аввали нуҳ байт мувашшаҳ намуда, ба дасти мутарҷим медиҳад:
Моҳи бурҷи шараф, эй Духти Шаҳи оламгир,
Кард бо Муштарии Саъд қирон аз тақдир.
Ин на он ақди никоҳ аст, ки ақли даррок
Ҳусни анҷоми варо кард тавонад тақрир.
Рангҳо ҷумла намуданд зуҳур аз ранге,
Нурҳо ҷумла гирифтанд бурун аз тастир.
Як ҷаҳон ҷамъ шуда ҳуру ҳарӣ дар маҳфил,
Ҳама дар ҳусни сабоҳат ва дами бадри мунир.
Ин на он Саъд бувад, дида бувад дар сад қарн,
Чашми анҷум зи хами тоқияи чарх сайир.
Лаби соқӣ зи майи лаъл шуда шаккаррез,
Чашми шоҳид зи карашма ба ҷигарҳо зада тир…
Фалак анбошта аз баҳри муборакбодӣ
Зи савоқиб ба сари халқ гуҳарҳои хатир.
Рафт овозаи ин базм ба ақтоъи ҷаҳон,
Кард кар гӯши фалак ғулғулаи ною нафир.
Дида бар қомати ӯ дид саводи таърих,
Худ куҷо рафт аз он қадди фатонат тахмир.
Сухани нахустро дар бораи Дониш, қабл аз ҳар манбаи дигар, ӯ худ гуфтааст, сипас устод Айнӣ ӯро «модарзод» ном бурда, мегӯяд: «Маълум аст, ки дар он овон дар Бухоро аз фикрҳои нав ва адабиёти ҷадида асаре набуд. Пас маълум мешавад, ки ин модарзод ҳама афкорашро аз ғайри талқини касе ва китобе, маҳзи тадаббуру тафаккури худ маишат ва дунёро ҳосил кардааст». Ба қавли устод Айнӣ «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмад махдум дар вақташ дар ӯ як инқилоби фикрӣ ба вуҷуд оварда буд. Ин тақрири устод Айнӣ ба ҳама зиёиёни он давраи Бухоро тааллуқ дорад. Фитрат ӯро «мунаққиди бузурги замони худ» номида, зикр мекунад, ки Дониш зиндагонӣ ва тарзи ҳукуматдории Амир Музаффарро чун як мунтақиди тавоно тасвир намуд. Баъдан устодоне чун Расул Ҳодизода бо романи «Ситорае дар тирашаб», рисолаи «Аҳмади Дониш», олимони барҷастаи адабиётшиноси мо А. Мирзоев, Р. Ҳодизода, М. Осимӣ, М. Шукуров ва дигарон паҳлӯҳои осору аҳволи алломаро мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор додаанд ва аввалин раҳнамоёни мо дар тариқи донишпажӯҳӣ будаанд.
Кашфи ин девони ашъори ноб бар овозаву шоияҳое, ки Аҳмади Дониш гӯё шеър наменавишта ва девоне ҳам надоштааст, нуқта гузошта, дарҳои нави таҳқиқотро бар мабнои осори назмии Аҳмад махдум ба рӯйи муҳаққиқин боз хоҳад кард.
Дар поён аз матни ин девон абёту порчаҳои баргузидаеро тақдими соҳибназарони илму адаб ва ҳаводорони сухани ширини форсӣ-тоҷикӣ мегардонем.


Файзхоҷа МАҲМУДОВ,
коршиноси бахши дастнависҳои нодири Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ