Дар Эрон 2 нафар мубталои коронавирус даргузаштанд

Дар Эрон 2 нафар мубталои коронавирус даргузаштанд

  • Post category:Ҷаҳон

Киёнӯш Ҷаҳонпур, мушовири вазири тандурустии Эрон эълон кард, ки дар шаҳри Қум 2 нафари солхӯрда аз вируси COVID-2019 вафот карданд. Дар ин бора хабаргузории ИрТАГ хабар медиҳад.
гуфта мешавад, ки имрӯз дар шаҳри Қум тамоми мактабҳоро таътил карданд.
Алӣ Робеъӣ, намояндаи ҳукумати Эрон дар сафҳаи худ дар Твиттер чунин навишт, “Чанд дақиқа пеш вазири тандурустӣ бо истинод ба ҳисоботи мутахассисон эълон кард, ки дар организми ин ду нафар дар Қум будани вирус исбот шуд.
Бар асоси додаҳои охирин, шумори мубталоёни коронавирус ба 74 ҳазор нафар расид. Вирус боиси марги 2010 нафар шуд. Беш аз 10,6 ҳазор нафар шифо ёфтанд.
Манбаъ: хабаргузории КазТАГ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ