Ӯзбекистон дар чемионати гуштини Осиё паллаи дувумро касб кард

Ӯзбекистон дар чемионати гуштини Осиё паллаи дувумро касб кард

Рӯзҳои 18-19 феврал дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон қаҳрамонии гуштини озод ва фарангӣ баргузор шуд. Дар ин мусобиқа варзишкорони мо низ ширкат карданд ва бо касби 6 медал паллаи дувумро дарёфт карданд.
Элмурод Тасмурадов дар рӯзи аввали мусобиқа барандаи медали тилло ва қаҳрамони Осиё шуд. Ин панҷумин қаҳрамонии ӯ дар қитъа мебошад.
Ҳамчунин, 2 нафар варзишкори дигари Ӯзбекистон барандаи медалҳои нуқра шуданд. Се нафар дар вазнҳои худ бо касби паллаҳои савум медалҳои брунзи мусобиқаро дарёфт карданд.
Эрон дар радабандии умумӣ ғолиби мусобиқа шуд. Ӯзбекистон баъди Эрон дар паллаи дувум ҷойгир шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ