Абёту порчаҳои баргузидаеро аз девони нави Аҳмади Дониш тақдими соҳибназарони илму адаб ва ҳаводорони сухани ширини форсӣ-тоҷикӣ мегардонем.

Абёту порчаҳои баргузидаеро аз девони нави Аҳмади Дониш тақдими соҳибназарони илму адаб ва ҳаводорони сухани ширини форсӣ-тоҷикӣ мегардонем.

  • Post category:Фарҳанг

Байтҳои интихобӣ аз манзумаи «Ислоҳот»
Осмон то накунад ҳеҷ қароре пайдо,
Кӣ кунад баҳри дили мо сару коре пайдо?
Дили вайрони маро кист, ки обод кунад?
Ин чаманро набувад абри баҳоре пайдо.
Ҳалқаи зулфи бутон доми дили шайдоист,
Сарбасаҳрозадагонрост шикоре пайдо.
Қомати хамшудаи мо накунад майли қиём,
Заъфдилро шуда имрӯз мадоре пайдо.
Хоки мо мегузарад аз сари иқболи ҷаҳон,
Нест осудатарам синафигоре пайдо.
Дил ба хун ғӯта заду қимати лаъле гул кард,
Ин таманно шуда дар ҳар сари хоре пайдо.
Лола аз саркашии хеш ба дил дорад доғ,
Хам шаву зери бағал соз аноре пайдо.
Дониш, аз тарки ҷаҳон ҳоли ту осуда нашуд,
Беҳтар он аст кунӣ лолаузоре пайдо.


Теғаш зи сина, ханҷари ӯ аз ҷигар гузашт,
Кокул ба дӯш омаду зулф аз камар гузашт.
Дар ошёни кулбаи мо устухон надид,
Аз сар ҳумои толеи мо тезпар гузашт.
Ин хирагӣ, ки халқ ба ҳам кор мебаранд,
Таъсири ӯ ба сина зи теғу табар гузашт.
Рӯи ту дар сафову ҷабини ту дар ҷило,
Дар вартаи камол зи шамсу қамар гузашт.
Бигзашт умр дар ғаму мақсад нашуд найл,
Тири дуо магар зи ҳадаф дуртар гузашт?
Ҳафтод беш рафт зи авқоти умр, лек
Дониш нагуфт ин қадару он қадар гузашт.
ovozitojik.uz

Аҳмади ДОНИШ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ