Дар шаҳри Ҳанауи Олмон тирпаронӣ ба вуқӯъ пайваст. Фавтидагон ҳастанд

Дар шаҳри Ҳанауи Олмон тирпаронӣ ба вуқӯъ пайваст. Фавтидагон ҳастанд

  • Post category:Ҷаҳон

Пулиси Олмон мегӯяд, дар натиҷаи ду тирпаронӣ дар шаҳри Ҳанау, дар наздикии Франкфурт ҳашт нафар кушта шудааст. Дар ин бора хабаргузории “Сентрал Азия” иттилоъ медиҳад.
Чанд соат пас аз рух додани ҳодиса, ҷасади ҳамлагарро дар манзили зисташ дар Ҳанау пайдо карданд.
Пулиси Олмон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ягон каси дигарро дар ҳамла гумонбар намедонад. Ба назари мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар, гумонбари эҳтимолӣ ба танҳоӣ ҳамла карда буд. Маълумот дар бораи шахсияти ӯ то ҳол нашр нашудааст.
Ба гуфтаи шоҳидон, шаби 19 феврал шахси ношинос ба яке аз қалянхонаҳои Ҳанау ҳамла карда, се нафарро куштааст. Сипас ба воситаи мошин ба ҷои номаълум паноҳ бурдааст.
Дертар расонаҳо дар бораи ҳодисаи ҳамсон дар қалянхонаи ноҳияи дигар хабар доданд. Шахси ношинос вориди қалянхона шуда, ба самти муштариён оташ кушодааст. Дар натиҷа 5 кас ҷон бохтанд. Кушташудаҳо асосан ҷавонон буда, дар миёнашон зан низ ҳаст.
pressa.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ