Ҳунарпешаи машҳури Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев аз вазифаи худ барканор шуд

Имрӯз овозхони маъруфи тоҷик Афзалшоҳ Шодиев бо фармони вазири фарҳанг аз роҳбарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барканор шуд. Дар ин бора хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ медиҳад.
Мувофиқи маълумоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ доданд, ба ҷойи ӯ Кароматулло Раҳимзода сарвари Филармония таъин гардид. “Афзалшоҳ Шодиев аз соли 1985 дар Филармония фаъолият карда, соли 2014 ба вазифаи роҳбарӣ таъин гардид. Тағйироти кадрии имрӯза дар асоси ротатсия сурат пазируфт. Дар мавриди ба кори дигар гузаштани ӯ то ҳол маълумот нест”, — илова кард манбаъ.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев яке аз овозхонҳои машҳури кишвар буда, бо сурудҳои “Ҷавонӣ рафт”, “Дили модар” ва дигар офаридаҳои худ миёни мардум маҳбубияти хос дорад.
asiaplustj.info/tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ