Дар Ургут 823 нафар аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъмин мегарданд

Дар Ургут 823 нафар аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъмин мегарданд

Таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшоки яке аз омилҳои асосии беҳсозии шароити зисти онҳо мебошад. Дар ин бора, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор корҳо амалӣ мегардад. Аз ҷумла, дар маҳаллаи Алгари ноҳияи Ургут дар асоси барномаи давлатӣ чунин корҳои хайр ба анҷом расонида шуд. Дар айни замон аз ҷониби шӯъбаи ноҳиявии “Сувоқова”- и вилоят дар 4,2 км масофаи деҳаи Равоти маҳаллаи Алгар корҳои кашидани нили оби ошомиданӣ амалӣ мегардад.
Дар натиҷа 823 нафар аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъмин мегарданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ