Забони модарӣ бақои миллат аст

Забони модарӣ бақои миллат аст

  • Post category:Фарҳанг

  Мувофиқи тадқиқоти рўзномаи бритонии Independent дар рўйи замин сатҳи нобудшавии забонҳо аз ҳайвоноту парандагон дида баландтар будааст. Масалан, дар 500 соли охир дар рўйи замин тақрибан 4,5 дарсади забонҳои дунё нест шудаанд, дар ҳоле, ки дар ин муддат дар дунё 1,3 дарсади парандаҳо ва 1,9 дарсади навъҳои ҳайвонот ба коми нестӣ рафтаанд. Дар тамоми тўли таърихи инсоният тақрибан 9 ҳазор забон аз байн рафтааст. Дар ин миён ҳатто забонҳои кишварҳои абарқудрате аз байн рафтаанд. Аз ҷумла, забонҳои қадимаи санскрит, порсии қадим, оромӣ, юнонӣ, лотинӣ, ведӣ, ошўрӣ ва русии қадим.

  Забони тоҷикӣ аз хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ буда, ба гурўҳи забонҳои эронӣ дохил мешавад. Тибқи маълумоте, ки Донишномаи озоди тоҷикӣ овардааст, танҳо бо гўиши тоҷикӣ 38,6 миллион нафар гап мезананд.

  Забон рукни асосии нишони давлатдорӣ ба шумор меравад. Ҳар як миллат маҳз ба василаи забон ҳамчун миллати соҳибихтиёр ва соҳибтамаддун шинохта мешавад. Забон воситаи ягонаи ҳифзи мероси гаронбаҳои моддӣ ва маънавии ҳар як халқ ба ҳисоб рафта дар таҳвили ин навъи мерос саҳмгузор будааст. Тибқи қарори Созмони байналмилалии ЮНЕСКО аз 21-уми феврали соли 2000-ум сар карда, имрўзро ҳамчун «Рўзи байналмилалии забони модарӣ» эълон намудааст. Ин иқдом дар ҳамон замон саривақтӣ дониста шуд. Зеро коршиносон чунин хулоса баровардаанд, ки ҳар як ҳафта тақрибан як забон аз байн меравад.

  Мувофиқи натиҷаи омори дар соли 2005 гузаронидашуда айни замон дар рўйи замин тақрибан 7 ҳазор забон мавҷуд аст. Аз ҳама забонҳои серистеъмол ин забонҳои англисӣ, форсӣ, чинӣ, испонӣ, русӣ, ҷопонӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, ҳиндӣ, португалӣ, малайӣ, итолёвӣ, туркӣ, бенгалӣ, куриёӣ мебошанд. Хати аз ҳама зеботарин хати арабӣ дониста шудааст.

  Аз ҳама кишвари серзабон ин Ҳиндустон мебошад. Аҳолии ин мамлакат бо 845 забон ва шева гуфтугў мекунад. Соли 2009 нашри нави «Харитаи забонҳои нобудшаванда, ки зери хатар қарор доранд», интишор ёфт. Дар он оварда шудааст, ки айни замон тақрибан 2500 забонҳои дунё зери хатари нестшавӣ қарор дорад. Дар ҳоле, ки дар соли 2001 ин нишондиҳанда танҳо ба 900 баробар буд. Забоншиносон қайд мекунанд, ки агар сатҳи ҷараёни нестшавии забонҳо паст нашавад, пас дар асри 21 тақрибан 90%-и забонҳои дунё ба коми нестӣ меравад. Албатта нестшавии забонҳо ин раванди табиӣ мебошад, аммо чунин сатҳи нестшавӣ, ки ба суръати кайҳонӣ сурат гирифта истодааст, барои ҷаҳони имрўза хатари ҷиддӣ дорад. Ҳаминро ба назар гирифта Созмони байналмилалии ЮНЕСКО соли 2019-ро Соли байналхалқии забонҳои бумӣ эълон намуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ