Дар Ӯзбекистон 91-то муассисаи варзишӣ-таълимӣ таъсис хоҳад ёфт

Бар асоси қарори Девони Вазирон – “Дар бораи такмили фаъолияти муассисаҳои варзишӣ-таълимӣ” дар солҳои 2020-2024 дар сартосари Ӯзбекистон 23-то мактаби варзишии кӯдакону наврасон ва 68-то шӯъбаи онҳо бо биноҳои варзишии кофӣ сохта мешавад.
Бино ба навиштаи нашрияи Norma, бо ин санад низоми арзёбии системаи рейтинги самарбахшии фаъолияти муассисаҳои варзишӣ-таълимии вобаста ба вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тасдиқ шуд.
Яке аз вазифаҳои асосӣ дар арзёбии системаи рейтинг ин афзоиш додани шумори машғулон бо варзишҳои олимпикӣ дар муассисаҳои варзишӣ-таълимӣ ва рушди онҳо мебошад.
Ин санад аз 18.02.2020 ба иҷро даромад

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ