Туркманистон ҳаҷми барқрасониро ба Ӯзбекистон кам кард

Туркманистон ҳаҷми барқрасониро ба Ӯзбекистон кам кард

  • Post category:Ҷаҳон

Дар натиҷаи рух додани носозӣ дар амалиёти содиротии ширкати давлатии “Туркманэнерго”, Туркманистон маҷбур шуд ҳаҷми барқрасонӣ ба Ӯзбекистонро аз 780 МВт то 60 МВт коҳиш диҳад.
Бино ба хабари маркази матбуъотии “Ӯзбекистон миллий электр тармоқлари”, имрӯз дар соати 06.45 хатти барқрасони 500 киловаттии Л-511 дар миёни Туркманистон якбора аз кор бозмонд. Дар натиҷа, ҳаҷми барқрасонӣ ба Ӯзбекистон якбора хеле коҳиш ёфт.
Дар пайи ин ҳодиса, дар Ӯзбекистон истеъмолкунандагони 600 МВт барқ муваққатан аз электроэнергия маҳрум шуданд.
Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир мутахассисони Туркманистон барои аз байн бурдани ин муаммо корро оғоз кардаанд ва баъди анҷом кор ба Ӯзбекистон барқрасониро дар ҳаҷми пешина идома хоҳанд дод.
Кормандони ширкати давлатии “Ҳудудий электр тармоқлари” дар ин муддат аҳолии аз барқи туркман маҳрум мондаро бо барқи маҳаллӣ таъмин мекунанд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ