Ба Садорати дастгирии маҳалла ва оилаи вилоят сарвар ва ҷонишинҳо тасдиқ гардиданд

Ба Садорати дастгирии маҳалла ва оилаи вилоят сарвар ва ҷонишинҳо тасдиқ гардиданд

  • Post category:Асосӣ

Тавре, ки хабар дода будем дар маҷлисгоҳи ҳокимияти вилоят даъвати шашуми сессияи сеюми Шӯрои намояндагони халқи вилоят доир мегардад.
Дар сессия аввал масъалаи тасдиқи сарвар ва ҷонишинҳои Садорати дастгирии маҳалла ва оилаи вилояти Самарқанд баррасӣ гардид.
Роҷеъ ба ин масъала мушовири Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Рустам Қосимов маърӯза кард.
Дар сессия аз тарафи депутатҳо ба садорати навтаъсис сарвар ва ҷонишинҳо дар таркиби зерин тасдиқ гардиданд:
Умаров Асқар Нарзиевич – ҷонишини ҳокими вилоят – сарвари Садорати дастгирии маҳалла ва оила;
Алимова Гавҳар Зайировна – ҷонишини сарвари Садорати дастгирии маҳалла ва оила доир ба афзунсозии фаъолии иҷтимоӣ-сиёсии зан ва духтарон;
Шалимов Акрам Ҳамидович – ҷонишини сарвари Садорати дастгирии маҳалла ва оила доир ба ташкил ва мувофиқгардонии фаъолияти маҳаллаи бехатар;
Нормуродов Ҳасан Норбекович — ҷонишини сарвари Садорати дастгирии маҳалла ва оила доир ба дастгирии солхӯрдагон ва собиқадорон ва афзунсозии фаъолии иҷтимоии онҳо.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ