ЗАБОН ОЯД БА КАС ЧУН ШИРИ МОДАР…

ЗАБОН ОЯД БА КАС ЧУН ШИРИ МОДАР…

  • Post category:Фарҳанг

Бо қарори Конференсияи генералии ЮНЕСКО аз 17-уми ноябри соли 1999 инҷониб 21-уми феврал Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардида, ҳамасола ҳамчун рӯзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва мусоидат ба рангорангии бисёрзабонӣ ва гуногунфарҳангии забонҳои рӯйи олам бо тантана ҷашн гирифта мешавад.
Забон воситаи ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ ба шумор меравад. Рушди забони модарӣ ба дарку фаҳмиши анъанаҳои фарҳангии рӯйи олам шароит фароҳам меорад. Албатта, ҷаҳонишавӣ ба забонҳои ақаллиятҳои миллӣ беасар намемонад. Рушди ҷаҳони муосир, агар аз як ҷиҳат заминаҳои мусоидеро барои ташаккули гурӯҳе аз забонҳои рӯйи олам муҳайё созад, пас, дар навбати худ, ба гурӯҳи забонҳои ақаллиятҳои миллӣ таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин, мутахассисон бар он андешаанд, ки агар аз имрӯз ҷиҳати устуворӣ ва пойдории зиёда аз шаш ҳазору ҳафтсад забони дар муоширатбудаи рӯйи олам чораҳо андешида нашавад, пас то охири садаи равон ба қисме аз забонҳои дар муоширатбуда хатари нестшавӣ таҳдид мекунад.
Алҳол зиёда аз 43 дарсади (2465) забонҳои рӯйи оламро хатари маҳвшавӣ таҳдид дорад. Давлатҳои абарқудрате, ки дар онҳо асосан маҳви забонҳои ақаллиятҳои миллӣ ба мушоҳида мерасанд Ҳиндустон (197 забон), ИМА (191), Бразилия (190), Хитой (144), Индонезия ва Мексика (143) мебошанд.
Мувофиқи маълумоти ЮНЕСКО танҳо дар давоми ҳаёти се насли одамӣ 200 забон маҳв шудааст. Хатари маҳвшавии забонҳо дар ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон ба мушоҳида мерасад.
Таърих сабабҳои аз байн рафтани забонро дар натиҷаи офатҳои табиӣ, вабои умумӣ, ҷангу қатлу куштори оммавӣ ва бо сабабҳои демографӣ афзоиш наёфтану ҷисман ба ҳалокат расидани гурӯҳи муайяни соҳибзабононро дар ёд дорад.
Дӯстони азиз, биёед, ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро эҳтиром кунем, софу беолоиш нигоҳ дорем ва бегазанд ба авлоди оянда расонем. Беҳуда шоир нафармуда:
Забон ояд ба кас чун шири модар,
Аз ин рў асли ҷон аст асли ҷон аст.

Фаридуни Фарҳодзод

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ