Дар Донишкадаи тиббии ветеринарии Самарқанд сатҳи коррупсия ба 70% коҳиш ёфтааст

Дар Донишкадаи тиббии ветеринарии Самарқанд сатҳи коррупсия ба 70% коҳиш ёфтааст

Кластери таълимии аз ҷониби донишкадаи номбурда, таҳияшуда дар ҷумҳурият муқобилие надорад. Ин чӣ маъно дорад? Чаро солҳои охир норозигии маъмурияти донишкада афудааст? Барҳамёбии коррупсия сатҳи дониши донишҷӯёнро баланд мекунад…

Дар анҷумани матбуотие, ки бо ташаббуси Донишкадаи тиббии ветеринарии Самарқанд бо иштироки ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ доир гардид, чунин масъалаҳои пурдолузарб баррасӣ шуданд.

— Ҳамчун шахсе, ки системаи маорифи давлатҳои хориҷиро омӯхтаам, инчунин, бевосита дар ҷараёни он иштирок намудаам, гуфта метавонам, ки имрӯз ислоҳоти соҳаи таълими мамлакатамон бо самарабахшиаш аҳамиятнок аст, – гуфт ректори Донишкадаи тиббии ветеринарии Самарқанд, доктори фанҳои биологӣ Худойназар Юнусов. – Имрӯз Президенти мамлакатамон барои ба амалиёт татбиқ намудани лоиҳаҳо аз рӯйи рушд ва такмили самтҳои ҳар як муассисаи таълими олӣ имконият фароҳам овард. Мо аз ин имконият истифода бурда, системаи кластерии донишкадаро таҳия кардем. Донишкадаи мо бо хоҷагиҳои фермерии мурғпарварӣ, моҳипарварӣ ва дигар ташкилотҳо 21 шартнома бастааст, инчунин бо мақсади ҳамкории илмиву амалӣ садҳо адад шартномаи дигар ба имзо расидааст. Дар таълими кластерӣ донишҷӯ натанҳо баъди тамом кардан, балки ҷараёни пеш аз ба донишкада омадан, таҳсили литсейҳои академиву коллеҷҳоро низ фаро мегирад ва барномаҳои таълимӣ бо ҳамкории донишкада кор карда мешавад. Мақсади мо ягона аст. Мехоҳем донишҷӯёне ҷалб шаванд, ки нисбати соҳа шавқу ҳаваси беандоза доранд. Дар он вақт метавонем, мутахассисони асилро тарбия намоем.

Дар анҷуман қайд гардид, ки солҳои охир ба дониши на танҳо донишҷӯён, балки муаллимон низ мувофиқи қоидаҳои муайян баҳо гузошта шуд. Ин дар навбати худ ба норозигии бисёриҳо сабаб гардид. Аз имтиҳонҳои давлатӣ нагузашта мондани 67 нафар донишҷӯ, инчунин, бо 47 нафар муаллим дар асоси шартҳои муайян шартнома карда шуд, ки дар соли хониши нав худомӯзӣ намуда, дараҷаи рейтингро бардоранд, аз ҷумлаи онҳоянд.

Бояд гуфт, ки имрӯз фикру дархости донишҷӯ дар мадди аввал меистад,- иброз дошт проректор оид ба кор бо ҷавонони донишкада А. Гаппаров. — Чанде пеш аз сабаби эътирозҳои нисбати таълим баён намудаи донишҷӯён муаллими ду гурӯҳ иваз карда шуд. Бо мақсади омӯзиши фикри донишҷӯён гурӯҳҳои телеграм ташкил гардида, мунтазам пурсишномаҳои пинҳонӣ гузаронида мешавад. Дар натиҷа, маълум гардид, ки сатҳи коррупсия дар донишкада ба 70% коҳиш ёфтааст. Донишҷӯйи имрӯза ба шаффофиятро омӯхт. Аз ин баъд аз онҳо ягон чизро пинҳон карда намешавад.

Дар давоми анҷуман, инчунин, оиди дар соли хониши гузашта, бо ҳамкории давлати Белорус ташкил шудани факултет ва навидҳои дигари соҳаи таълим маълумот дода шуд.

Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА

Аксбардор: Ҳусан Элтоев

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ