“Эстафетаи Ғалаба” дар Ӯзбекистон

“Эстафетаи Ғалаба” дар Ӯзбекистон

Бо қарори сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва пешниҳоди Шӯрои фармондеҳони қӯшунаҳои сарҳадии кишварҳои узви ИДМ “Эстафетаи Ғалаба” гузаронида мешавад.
“Эстафетаи Ғалаба” аз ҷониби сарҳадбонони Русия ба ифтихори 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ роҳандозӣ шудааст. Он 5-уми феврал аз шаҳрҳои Брест ва Мурманск оғоз гардида, бо ду хатсайр тариқи ҳудуди Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Арманистон мегузарад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Рамзи “Эстафетаи Ғалаба” аз сарҳадбонони Тоҷикистон ба сарҳадбонони Ӯзбекистон супорида мешавад.
Рамзҳои эстафета дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби гурӯҳҳо дар қаламрави ҳамаи кишварҳои иштирокдори ин иқдом ба ҳамдигар дода мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки “Эстафетаи Ғалаба” рӯзи 28-уми май дар Поклонная гораи шаҳри Маскав ба охир мерасад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ