Аз таърихи пуршараф – ба ояндаи дурахшон

Аз таърихи пуршараф – ба ояндаи дурахшон

Чунин ном дошт тадбире, бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Имом Бухорӣ ва Имом Мотурудӣ гузаронида шуд.

Семинар дар филиали самарқандии Донишгоҳи технологияҳои ахбори Тошканд бо ташаббуси Маркази илмиву тадқиқотии байналхалқии Имом Бухории назди Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ташкил гардид.

Дар он ходими калони илмии марказ Баротулло Амонов ва ходими илмии марказ Ҷонибек Ҷумъаев ва устодони  филиали самарқандии Донишгоҳи технологияҳои ахбори Тошканд (ДТАТ) баромад намуданд.

— Мо дар кишваре, зиндагӣ дорем, ки таърихаш пуршараф аст, гузаштагони мо даҳо гузаштаанду мо ворисони онҳоем, — гуфт ҷонишини деректор оид ба корҳои хонишӣ ва тарбиявии филиали самаркандии ДТАТ З. Қаршиев. – Мо вазифадорем, ки ин ҳақиқатро ба ҷавонон фаҳмонем ва онҳоро низ аз саҳифаҳои ниҳони таърих баҳраманд созем. Имрӯз донишҷӯён аз муттахассисони соҳа маълумотҳои муфассал гирифтанд. Ният дорем, ки чунин тадбирҳоро бештар ташкил намоем. Зеро, омӯхтани таъриху ҳаёти гузаштагонамон барои ҳар яки мо аҳамиятнок аст.

Дар семинар дар бораи мероси илмиву ҳадисҳои алломаҳоямон, инчунин ҷараёни тадқиқу омӯзиши онҳо маълумотҳои муфид дода шуд. Эътироф гардид, ки соли 2017 бо ташаббуси Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев Маркази илмиву тадқиқотии байналхалқии Имом Бухорӣ ва мактаби олии илми ҳадис асос гузошта шуд.

Чунин тадбир дар Донишгоҳи байналхалқии сайёҳии “Ипак йӯли”-и Самарқанд низ ташкил гардид.

Нотиқон дар бораи ислоҳотҳои амалигаштаи соҳаи диниву маърифатӣ, инчунин, омӯзишу тадқиқи мероси маънавии гузаштагонамон ҳарф заданд. Дар доираи тадбир аз ҷониби ходимони илмии марказ тақдимоти китобҳое, ки зери сарлавҳаи “Бар зидди ҷоҳилӣ — маърифат” (“Жаҳолатга қарши — маърифат”) гузаронида шуд. Ҳамаи китобҳо ба китобхонаи донишгоҳ тӯҳфа гардид.

Хизмати матбуоти Маркази илмиву тадқиқотии Имом Бухорӣ. 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ