Ӯзбекистон дар рейтинги бехетарии сайҳон дар ҷойи чандум қарор дорад?

Ӯзбекистон дар рейтинги бехетарии сайҳон дар ҷойи чандум қарор дорад?
  • Post category:Асосӣ

Ӯзбекистон дар раддабандии бехатарии кишварҳо барои сайёҳон мақоми 46-умро ишғол кард. Рейтинг аз ҷониби таҳлилгарони сомонаи фаронсавии баҳодиҳӣ ба суғуртаи сайёҳони Insurly таҳия шудаас
Дар рейтинг маълумот дар бораи шумор ва такрори офатҳои табиӣ, сифати низоми тандурустӣ, сатҳи ҷиноятҳои зӯроварона ва таҳдидҳои террористӣ ба инобат гирифта шудааст.
Мувофиқи ин усул, аз 100 холи имкопазир Ӯзбекистон 70,3 хол гирифт. Соҳаи тандурустии кишвар 81 хол, хатари дучоршавӣ ба амали зӯроварона — 79 хол, хавфҳои офатҳои табиӣ — 25 хол ва хатарҳои истифода аз нақлиёт – 67 хол баҳогузорӣ шудааст.
Рейтинг маълумот дар бораи 180 кишварро дар бар мегирад. Дар се зинаи аввал Швейтсария – 93,4 хол, Сингапур – 92,7 ва Норвегия – 91,1 ва дар се зинаи охир – Ҷумҳурии Африқои Марказӣ – 19,7 хол, Ҷумҳурии Демократии Конго – 15,4 ва Судони Ҷанубӣ – 14,8 хол ҷойгир шудаанд.
Байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Эстония (зинаи 15-ум) рейтинги баландтар дорад. Дар идома Литва (43), Латвия (45), Беларус (48), Озарбойҷон (52), Туркманистон (60), Молдова (66), Гурҷистон (68), Қазоқистон (71), Арманистон (72), Украина (83), Русия (86) ва Тоҷикистон (93), Қирғизистон (106) қарор доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ