Ба болои зани ҳомиладор ва писари 5-солаи вай симчӯб афтод

Ба болои зани ҳомиладор ва писари 5-солаи вай симчӯб афтод

Бино ба маълумоти нашри @RepostUZ. дар шаҳри Самарқанд аз болои зани ҳомиладор ва писари панҷсолаи вай симчӯб афтодааст. Воқеа дар кӯчаи Маҳмуд Қошғарӣ, дар назди мактаби таълими умумии рақами 35-и шаҳр рӯй додааст.
Ҷабрдида У.Р ва писари панҷсолаи вай ба шифохона бурда шудаанд. Мувофиқи маълумоти яке аз шоҳидони воқеа Андрей Болтаев нахуст овози баланди шикастани чизе ва пас аз он гиряи бача шунида шудааст. Гувоҳ ба ҷойи воқеа рафта занеро мебинад, ки симчӯб зер кардааст ва писараке дар пеши вай гиря мекунад.
Баъд якчанд нафар мошини ёрии таъҷили тиббиро нигоҳ медоранд. Аммо шифокорон ба дигар манзил шитобидани худро баҳона карда, ёрии аввалини тиббӣ намерасонанд. Ёрии таъҷилие, ки телефон карда ҷеғ мезананд, пас аз 15-20 дақиқа дар ҷойи воқеа ҳозир мешавад.
То омадани онҳо як гурӯҳ одамон симчӯбро бардошта, занро наҷот медиҳанд ва ҳамроҳи писари панҷсолааш ба шифохона мебаранд.
Ҷолиби диққат аст, ки ронандаи таксие, ки барои ёрӣ даст задааст, шавҳари ҷабрдида аст. Зан осеби сактаи мағзӣ бардошта, якчанд захм гирифтааст. Пойи кӯдак ҷароҳат бардоштааст.
Мардум мегӯянд, ки аз рӯйи хатарнокии симчӯб борҳо муроҷиат кардаанд, аммо маъмурият чорае надидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ