Самарқанд мизбони конференсияи байналмилалӣ

Самарқанд мизбони конференсияи байналмилалӣ


Дирӯз дар шаҳри Самарқанд таҳти мавзӯи «Истифодаи босамар аз салоҳияти сайёҳии минтақаҳо: назария, амалиёт ва оянда» конференсияи байналмилалӣ оғоз гардид.
Дар чорабинӣ, ки бо ташаббуси Донишгоҳи байналхалқии сайёҳии «Роҳи абрешим»-и Самарқанд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии рушди туризми Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, Донишгоҳи федералии Қафқози Шимолӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Белорус, Донишгоҳи давлатии Сочӣ, Донишкадаи сайёҳии Арман ва дигар даргоҳҳои бонуфузи таълимии ҷаҳон ташкил гардид, олим ва мутахассисони соҳаи туризм ва менеҷментҳои як қатор кишварҳо иштирок доранд.
Дар конференсия зикр гашт, ки мақсад аз гузаронидани ин чорабинии байналмилалӣ таҷрибаивазнамоӣ доир ба истифодаи босамар аз салоҳияти сайёҳии минтақаҳои Ӯзбекистон, таҳияи маҷмӯаҳои илмӣ-услубӣ, шунидани таклифу тавсияҳо мебошад.
– Чанде пеш аз ҷониби таҳлилгарони сомонаи фаронсавии баҳодиҳӣ ба суғуртаи сайёҳони «Insurly» рейтинги бехатарии 180 кишвари ҷаҳон барои сайёҳон эълон карда шуд, – гуфт ҷонишини ҳокими вилоят доир ба масъалаҳои рушди туризм Б. Нуруллоев. – Ӯзбекистон дар рӯйхати бехатарии кишварҳо барои сайёҳон ҷойи 46-ум ва дар байни Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҷойи якумро ишғол кард, ки ин аз солҳои пешин хуб аст. Дар рейтинг маълумот дар бораи шумор ва такрори офатҳои табиӣ, сифати низоми тандурустӣ, сатҳи ҷиноятҳои зӯроварона ва таҳдидҳои террористӣ ба инобат гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки конференсияи мазкур дар ривоҷёбии ҳамкории байналхалқии байни даргоҳҳои таълими олии пешқадам ва мутахассисони соҳаи сайёҳӣ вазифаи кӯпрукро иҷро мекунад.
Конференсия кори худро имрӯз ба анҷом мерасонад. Дар охир таҳияи маҷмӯаи электронии мақолаҳои мутахассисони соҳа дар назар аст.

Хизмати матбуоти Департаменти ривоҷдиҳии туризми вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ